Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ҲОЛИ ЗАМОНИ ЧИДА

Лекин хӯҷайн ҳар рӯз пагоҳӣ ва бегоҳӣ ӯро дида ҳолпурсӣ мекунад... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин гӯсфандон, ки тобистон ва зимистон дар оғӯши чӯли Қизил чарида мегаштанд, дар баҳорон дар мавсими тӯл ба ободонӣ наздик оварда шуда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дастаи амлокдор пас аз хуб хӯрдан ва поймол кардани замини гандум баргашта ба сари роҳ омада ғун шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Алоқаи вобастагии ҳоли замони чида бо калимаи эзоҳшаванда дар забони тоҷикӣ бештар бо ёрии як воситаи грамматикӣ ба амал меояд ва пешоянд бо ҷиҳати якум ояд ҳам, ба ҳар ду аъзои чида ва агар зиёд бошанд, ба ҳамаашон як хел мансубият дорад:

Пас аз хӯрда шудани чизҳои хӯрданию нӯшида шудани чой ба ҳокимон лӯла-лӯла кимхоб ва шоҳиҳо, ҷӯра-ҷӯра беқасаб, адрасҳо, пӯра-пӯра атласҳо ва сарқандҳои якпулӣ пешкаш карданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Лекин ӯ пас аз ҳар ғалтакро пур кардан ё панҷ-шаш каланд задан маҷбур мешуд, ки қоматашро рост гирифта миёнашро бо дасти худ молад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Баъзан воситаи грамматикие, ки бо ёрии онҳо ҳол ифода меёбад, бо ҳар як аъзои чида такрор меояд:

Пас аз чанд рӯзу шаби роҳ рафтан,
Пас аз интизорию шабҳо наҳуфтан,
Пас аз қисса бишнидан, афсона гуфтан,
Пас аз кӯҳу талҳо, дараҳо гузаштан,
Пас аз хотироти зиёде навиштан,
Пас аз дар хароботҳое нишастан
Ба ҷое, ба саҳрои хушке расидем,
К-аз он ҷо умеди дили хеш дидем.

(М. Турсунзода)

Такрор омадани пешояндҳо бо ҳар як аъзои ҷиҳати ҳоли замон бештар дар мавридҳои зерин дида мешавад:

  1. дар ҳолати бо ҳар як аъзои чида омадани ҳиссаҷаи инкории «на»: Аммо Хӯҷаназарбой, ки ба се хоҷагӣ ҳақ гирифта омадааст, на дар вақти киштукор, на дар вақти хишова ва на дар вақти чинак ба роҳи пахта қадам намондааст (С. Айнӣ, Куллиёт);

  2. дар ҳолати бо ҳар як аъзои чида омадани ҳиссаҷаи таъкидии «ҳам»: — Лекин ман монанди бойдухтарон аҳмақ нестам, ки дар вақти кор ҳам, дар вақти барои боркашонӣ омадан ҳам куртаи шоҳӣ пӯшида гардам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Маълум аст, ки муносибати ҳоли замон бо калимаи эзоҳшаванда, қатъи назар аз он ки дар кадом сохту таркиб воқеъ гардидааст, бо роҳи тобеъкунӣ ба амал меояд. Аъзоҳои чида дар

пешина
аз 312
навбатӣ