Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳоли замони интиҳо бо зарф, исм, масдар ва ибораҳои исмиву масдарӣ ифода меёбад.
Зарфи замон ба вазифаи ҳоли замони интиҳо асосан ба воситаи пешоянд меояд. Аммо зарфи «ҳанӯз» ва «ҳоло» ба ин вазифа бе ягон воситаи грамматикӣ меоянд. Аз ҳамин сабаб аст, ки ин ду зарф лаҳзаи хотимавии амалро таъкид накарда, фақат то ҳол давом карда истодани амалу ҳолатро нишон медиҳанд: Деҳа ҳанӯз ором нагирифта буд, ҳанӯз ҳам аз ҳар ҳавлӣ фарёди «дод аз дасти босмачиён» ба осмон мепечид (С. Айнӣ, Куллиёт). — Мо ҳанӯз аз шумо гандагӣ надидаем (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Ҳар ду кафи дастро ба синаи чап ниҳод, ки ҳоло дар паси он дил метапиду дар рӯяш ду дафтарчаи амонатгузорӣ бар хилофи дил шубҳаангезона ором меистод (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Повести мазкур ҳоло ҳам яке аз асарҳои беҳтарини адабиёти советии тоҷик ба шумор меравад (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).
Зарфҳои замон ба вазифаи ҳоли замони интиҳо ба воситаи пешоянди «то» меоянд ва ба ин восита таъкид меёбанд: То фардо набояд аз он ҷо қадаме биҷунбанд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). — Фикри мутаваллиро ҳам шунавем, — гуфт мударрис, ки то ҳол ба гап ҳамроҳ нашуда ба сари синааш нигоҳ карда пичирросзанон тасбеҳ гардонда нишаста буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Тамоми ин аламҳоятонро то имрӯз ба ман руст карда монда будаед? (Журн. Садои Шарқ, 1966, № 8).
Бо исм ва ибораҳои исмӣ. Исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли замони интиҳо фақат ба воситаи пешоянди «то» меоянд: Ана умрамон боқӣ будааст, то ҳамин рӯзҳо каму беш роҳат дидем (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Файзуллохон ба ҳамин тариқ, то танаффуси пешинии магазинҳо қариб ҳамаи магазинҳои калони газворро чарх мезад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). ...ҳуди ӯ ҳам гоҳ ҷанг муаллими таърих буд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Лекин ба ин дараҷа фанди калон хӯрдани фиребгареро то ин дам касе нашунидааст ва нахондааст (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). То пешин аз тайёра дараке нашуд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Бибизайнаб ӯро то дувоздаҳсолагиаш парасторӣ кард... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Баъзан исмҳо ба вазифаи ҳоли замони интиҳо бо ду пешоянд: «то» ва «ба» дар шакли «то ба» меоянд: То ба худи ҳамин шаб вай боварӣ дошт, ки аз ин мардумони оддии қишлоқӣ як қади одам боло меистод (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). ...ман дар назди вай гунаҳгори калон буда, то ба қарибӣ ӯро душмани худ медонистам (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Бо масдар ва ибораҳои масдарӣ: То рӯз шудан навбатҳоро чанд бор табдил кард (С. Айнӣ, Куллиёт). ...то ба ин ҷо омаданам дар қисми онҳо хизмат мекардам (Журн. «Садои Шарқ»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё