Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

пояш комиссари госпитали ҳарбӣ шуда кор мекард (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Равандагон, баъди аз ташнагӣ халос кардани аспҳошон боз ба роҳ даромаданд, боз аспҳоро дар тоз андохтанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо пас аз тай кардани як маҳаллаи дигар ба дарае даромада ғоиб шуданд (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Саг пас аз хӯрдани хӯрокаш баробари аз кӯра баромадани гӯсфандон аз ҷояш хеста, заминро як-ду ҳанҷол кашида вай ҳам аз дунболи рама афтод (С. Айнӣ, Куллиёт). Пеш аз кӯчиданам ба коза Мухтори гирёнчак ва носолим модарамро бисёр ташвиш медод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Пеш аз ба синф даромадан мо поямонро пок мекардем... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҳоли замони ибтидо, ки бо масдар ва ибораҳои масдарӣ ифода ёфтааст, бо ёрии пасояндҳои «замон» (замоно), «ҳамон» (ҳамоно), «боз», «интараф» ва «инҷониб» низ меояд:

— «Хурӯс сеғ задан замон маро бедор кун» гуфта будед (С. Айнӣ, Куллиёт). Дадабой фармони комиссарро шунавидан замон Зояро ба рӯи дастони пурзӯри худ безор бардошт (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Писарак мақсадро фаҳмид ва «ло» гуфта, бепарвоёна ҷавоб гардонид ва ҷавоб додан замоно ба кӯча рӯй оварда, аз пештара ҳам баландтар дод гуфт (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Аз кор гашта ба ҳавлӣ даромадан ҳамон чашмам ба Муллофозил афтид... (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Вай дар рӯ ба рӯи Сафар омада мондани худро пай набурда, ӯро дидан ҳамоно як қадам қафо гашт (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ҳоли замоне, ки бо ёрии пасояндҳои «боз», «интараф» ва «инҷониб» ифода ёфтааст, ибтидои амалро равшан нишон дода, то даврае, замоне давом доштани онро таъкид менамояд. Мисол:

Ҷанг сар шудан боз фаъолияти Одил Саркор ҳам дучанд зиёд шудагӣ (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Худам ҳам шуморо дидан интараф хаёл мекунам, ки шабу рӯз аз паҳлӯятон дур нашавам (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ҳолҳои замони ибтидо, ки бо масдар ва ибораҳои масдарӣ ифода ёфтаанд, баъзан бо ду воситаи грамматикӣ: ҳам пешоян-ду ҳам пасоянд меоянд: Аз падараш мурдан боз як даҳан гапи баланду паст назадаам... (С. Айнӣ, Куллиёт).— Чаро аз омада-намон интараф қариб як тир ҳам холӣ накардаем (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Рост аст, ки ҳар кас, ки Сафарро аз рӯзи ба аскарӣ раф-тан инҷониб аввалин бор медид, ӯро дарҳол шинохта ҳам на-метавонист (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ҳоли замони интиҳо лаҳзаи охирин ва хотимаёбии амалу ҳолат, то кадом вақт давом кардани онро нишон медиҳад:

Падарам то синни чиҳилсогиаш полвон будааст (С. Улуғ-зода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳамаи мо туро ба муносибати сиҳат шуданат ва ба армияи амалкунанда баргашта омаданат табрик мекунем ва то ғалабаи комил бар зидди гитлерчиён қаҳрамо-нона ҷангидани туро орзумандам (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

пешина
аз 312
навбатӣ