Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
он амал ё ҳолат чанд вақт гузаштааст. Ин аст, ки ин ҳолҳои замон баробари ибтидои амалу ҳолат дорои тобиши андозаю миқдор ҳам мебошанд: Дар ҳавлии Шарифахола, бо ҳамин зимистон се зимистон таппатахт интараф ҷанги сахти даст ба гиребони печу сандалӣ давом дошт (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).
— Писарам як сол боз бемор буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Барфе, ки ду рӯз боз пайваста меборид, акнун бозистода бошад ҳам, сардии ҳаво шиддат карда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман ӯро як сол инҷониб мешиносам... (Журн. «Садои Шарқ», 1966, № 8).
Исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли замон, ки лаҳзаи саршавии амалу ҳолатро мефаҳмонанд, баъзан бо ёрии ду воситаи грамматикӣ меоянд. Ба ин вазифа аз пешояндҳо пешоянди аслии «аз» ва аз пасояндҳо инҳо иштирок менамоянд: «боз», «интараф» ва «инҷониб»: «Саҳаргоҳон буд: тамоми биёбонро хомӯшӣ фаро гирифта буд; ҳашароти майдае ҳам, ки аз аввали шаб боз дар байни гиёҳи хушкидаи биёбон ҳиширрос зада мегаштанд, акнун ором гирифта буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ҳақиқат фалокат ва касофатҳое, ки аз ҳафтсолагимаш боз аз сараш гузашта неомаданд; ӯро пир карда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ӯ аз ибтидои пахтачинӣ интараф зиёда аз ёздаҳ тонна пахта чидааст (Р. Ҷалил, Баҳор).
Бо таркибҳои ҷонишинӣ. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик хеле кам бошад ҳам, бо пешояндҳои изофӣ ва таркибӣ ҷонишинҳои ишоратӣ ба вазифаи ҳоли замони ибтидо омада, пас аз амале воқеъ шудани амали дигарро ишора менамоянд. Чунончӣ: Як шахс аз вокзал дартоз омада, ба идораи комитет даромад, баробари ҳамин қарнаи бухоркаши завод бо садои пурҳаяҷони худ як бонги дуру дарозе зад (С. Айнӣ, Куллиёт). Пас аз он намедонам чӣ шуд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Баъди ин Вера дигар аз иштирок кардани комсорг дар машғулияти ӯ гумони бад намебурдагӣ шуд (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Баъд аз ин шаҳр аз паси шаҳр, кишвар аз паси кишвар озод шудан гирифт (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан).
Бо масдар ва ибораҳои масдарӣ. Ибораҳои масдарӣ ба вазифаи ҳоли замони ибтидо ба воситаи пешоянди аслии «бо», пешояндҳои изофии «баъди», «баробари» ва пешояндҳои таркибии «баъд аз», «пас аз», «пеш аз» меоянд: Бо шунидани садои «гумбур-гумбур», ки аз дур омад, бачагони хурдсол ба кӯча давиданд ва одамони калонсол ҳам «корвон омад» гӯён табассумкунон ба якдигар нигоҳ карданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Бо сафед шудани рӯз боз аз тарафи дашт садоҳои «гирҳогир! кушҳо-куш!» ... баланд шудан гирифт (С. Айнӣ, Куллиёт). Баробари ба охир расидани сухани Юнусбобо аз мобайни мардум якчанд кас пасу пеш «офарин» гӯён овоз бароварданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Дар он вақт Боровиков, собиқ сардори шӯъбаи сиёсии дивизияи тирандоз, баъди сиҳат ёфтани захми сахти
175

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё