Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

сар кард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). ... дарси якумро аз ҳамин рӯз сар мекунем (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Аз худи саҳари барвақт тӯпҳо ба ғурриш даромаданд (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшкан).

Исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли замони ибтидо инчунин бо пешояндҳои изофӣ ва таркибӣ меоянд. Пешояндҳои изофӣ дар ифодаи ҳоли замон бо исмҳо нисбатан камистеъмолтаранд:

Ҳазрат бояд ана ин ду таблеткаро — якеро фавран ва дигареро баъди хӯроки шом истеъмол фармоянд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Марзияҳола баъди ношто ба тараддуди меҳмондорӣ афтод... (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Баъди ҷанг вай аз фронт баргашта, муддате дар шаҳри зоидаудааш истиқомат мекунад... (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Баробари чапакзанӣ ва садоҳои табрикӣ, ки аз карнаи радио баланд шуд, дар блиндаж ҳам фавқулодда ҷунбиши бетоқатона ба амал омада, бо ташаббуси кадом як солдат дар он ҷо ҳам чапакзанӣ баланд шуд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Барои бо исм ва ибораҳои исмӣ ифода ёфтани ҳоли замони ибтидо аз ҳама зиёдтар пешояндҳои таркибии баъд аз ва пас аз истифода мешаванд: Баъд аз колхозӣ, порсол бинам, дар ҳолате ки ман дар як сол яксаду панҷоҳ рӯзи меҳнат кор карда будам, ӯ дусад рӯзи меҳнат кор кардааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
Падараш Мулло Вафо чанд сол дар мадрасаи Ғиждувон дарс хонда, баъд аз вафоти падар ва модараш ба Бухоро омада, дар ин ҷо дарсашро давом дода, бо мулло Розӣ шарикдарс шуда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Пас аз ҷанҷолу хархашаи бисёре бой...
шарикони худро аз худ розӣ кард (С. Айнӣ, Куллиёт). Пас аз сӯҳбат полковник Людников, майор Максимов, лейтенант Осьмухин аз заминкан берун баромаданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Исмҳо ба вазифаи ҳоли замон ба воситаи пасояндҳо низ меоянд. Пасояндҳое, ки барои бо исм ифода ёфтани ҳоли замон истифода мешаванд, асосан аз инҳо иборатанд: боз, интараф, инҷониб. Исмҳое, ки бо ин пешояндҳо меоянд, мафҳуми замонӣ дошта, аксар бо шумораҳои миқдорӣ ва тахминӣ дар шакли ибора воқеъ мешаванд: — Ман се ҳафта боз дуруст наёзидаам (С. Айнӣ, Куллиёт). Чанд вақт боз ҷудо хӯҷаиншинос шуда рафтӣ-а (С. Айнӣ, Куллиёт). Сандалии панҷ рӯз интараф оташнадида хеле муддат гарм нашуд (Р. Ҷалил, Баҳор). Хонаводаи Шарифахола, ки ҳарчанд насиҳат карда холаро аз пояи сандалӣ ду зимистон интараф канда гирифта наметавонист, ҳамеша дар ташвиш буд (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). — Немисҳо се-чор рӯз инҷониб аз ҳамон сӯ болои ҳам ба ҳамла гузашта, мехостанд, хатти мудофиавии моро рахна карда пеш раванд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Бештарини ҳолҳои замоне, ки ба воситаи пасояндҳои «боз»,
«интараф», «инҷониб» ифода ёфтаанд, на танҳо замони саршавии амалу ҳолат, балки онро ҳам нишон медиҳад, ки аз ибтидои

пешина
аз 312
навбатӣ