Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

«дар ҳаққи шайх ягон кор хоҳам кард» (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар дами аз хона баромада рафтан бошад, ақаллан, барои гармии дили шавҳар ба вай нимнигоҳе накард (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Дар ҳангоми шиддат гирифтани дард азоби бисёре кашад ҳам, ... қаноат мекард (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).
Дар аснои ба сафар чашм партофтан хомӯш, сархам нишастани ӯро диду ба фикраш хулосаи дигареро овард (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Бо таркиб ва ибораҳои рехта. Як ҷумлаи бутунеро хонда тамом кунам-накунам наҳра некашаду аз ҳуш меравад. Ҳаш-

  • ҳак накарда барф об шуд. ... дар як мижазанӣ нопайдо мешавад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).
  1. Ҳоли замони ибтидо лаҳзаи саршавӣ, ибтидои амал ва ҳолатро ифода менамояд. Ҳоли замони ибтидо бо зарф, исм ва ибораҳои исмӣ, ибораҳои феъли ҳол ва масдарӣ ифода меёбад.

Бо зарф. Зарфҳо ба вазифаи ҳоли замони ибтидо асосан бо ёрии пешоянд ва пасояндҳо меоянд: — Аз пагоҳ шумо ба кори муқаррарии худатон сар мекунед... (Ҷ. Икромӣ, Тори анкабут).
Ин воқеа буд, ки дирӯз боз Ёдгорро зиёда парешонҳол карда буд... (С. Айнӣ, Куллиёт).

Бояд қайд кард, ки зарфҳо берун аз ибораҳо ба вазифаи ҳоли замон бевосита кам оянд ҳам, онҳо ҳамчун калимаи асосӣ дигар калимаҳоро ба худ тобеъ намуда, дар шакли ибораи зарфӣ бештар меоянд: Ду рӯз пеш аз қишлоқи мо баромада рафта буд (Журн. «Садои Шарқ», 1966, № 8). Маълум шуд, ки Боровиков аз Нуралӣ як сол пештар аз фронт баргашта, котиби райком таъин шуда будааст (С. Улуғзода, Диёри Навобод).

Ҳоли замони ибтидо дар забони адабии тоҷик баъзан бо ёрии ду воситаи грамматикӣ: ҳам пешоянду ҳам пасоянд ифода меёбад.

Чунончи, дар мисоли зерин ҳоли замони ибтидо бо ёрии пешоянди аз ва пасоянди инҷониб ифода ёфтааст.

Аз дишаб инҷониб вай ҳатто андак асабинамо ҳам шуда буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Баъзан барои ифода ёфтани ҳоли замон ҳам пешоянди аз ва ҳам пасоянди боз меояд: Дӯстии ҳар як хонаводаи деҳаи мо бо ягон хонаводаи қирғиз аз қадим боз давом карда меомад...
(С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Бояд гуфт, ки бо ёрии пешоянди аз ибтидои амал ифода гашта, ба воситаи пасояндҳо тӯлкашии амал ба таври махсус таъкид меёбад.

Бо исм ва ибораҳои исмӣ. Дар ифодаи ҳоли замони ибтидо бо исм ва ибораҳои исмӣ аз пешояндҳои аслӣ асосан «аз» истеъмол меёбад. Мисол: Полка Калашников аз аввали муҳорибаи Сталинград бар зидди қӯшунҳои гитлерӣ меҷангид (Журн.
«Садои Шарқ», 1966, № 8). Аз аввали моҳи январи соли 1942 баъд аз комилан ба анҷом расидани корҳои ташкилӣ, қисми тирандозии тоҷикӣ ба давраи асосии таълими ҷангӣ-сиёсии худ

173

пешина
аз 312
навбатӣ