Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

саис ба ман мерӯбонд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар замони амир ӯ ба ҳар кас бадгумон мешуд... (С. Айнӣ, Куллиёт).

Исмҳо ба вазифаи ҳоли замон дар шакли такрор низ меоянд, аммо такрори исм дар ин маврид ба воситаи пешояндҳо ба амал меояд ва онҳо дар ин шакл хусусияти зарфӣ мегиранд ва ҳоли замон тобиши тарз пайдо мекунад: Ба тафси бадан ва дарди устухонҳоям тоқат наоварда, сония ба сония аз паҳлу ба паҳлу мегардидам (С. Айнӣ, Куллиёт). Шумораи мағозаҳо моҳ ба моҳ ва сол ба сол зиёд мешаваду соати гашти савдозада ҳам зиёд мегардад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).

Дӯстдорандагони меҳнатро
Сол то сол бахтиёр кунанд.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Онҳо он коғазҳоро дам ба дам гирифта, ба рӯи онҳо бо қалам баъзе ишораҳо мегузоранд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). ... Ӯ рӯз то рӯз аз гӯшт мефаромад, лоғар мешуд, пӯсти баданаш ба халтаи холӣ монандӣ пайдо мекард (С. Айнӣ, Куллиёт).

Бо ибораҳои шуморавӣ. Ибораҳои шуморавӣ, ки дар онҳо калимаи асосӣ ва исмшуда шумора мебошад, ба вазифаи ҳоли замон меоянд: Мо дар бистуми рамазон дар хонақоҳи бозори Ресмон даҳа нишастем (С. Айнӣ, Куллиёт). Рӯзи офтобии баҳорон, 10-уми апрел, дар боғ аввалин ҷамъомади отряди мо барпо шуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар аввали баҳор, ҳар сол дар бисту якуми моҳи март иди наврӯз мешуд, ки иди мардуми деҳқон мебошад (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман).

Баъзан аз ин гуна ибораҳо калимаи эзоҳдиҳанда афтида, танҳо шумора ба вазифаи ҳол ояд ҳам, калимаи тобеъ тасаввур карда мешавад: Дуюм ҳама меояд. 8-ум ба кор намераванд, рӯзи истироҳат будааст (Аз газета).

Бо ибораи феъли ҳол. Дере нагузашта ман сахт касал шуда мондам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Шавҳар дере нагузашта дартоз омад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Элликбошӣ, ҳозир ана ин траншеяю мурдаҳои немисҳоро дида, сухани лейтенант Осьмухин, ки дар саҳрои Дон дар аснои траншея кофта истоданамон гуфта буд, ба ёдам омад (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Бо масдар ва ибораҳои масдарӣ.— Аз ту пинҳон намедорам,
ба ту хоҳам гуфт, лекин дар вақти мурданам ба тарзи васият
хоҳам гуфт (С. Айнӣ, Куллиёт). Азбаски ҳамаи коркунони вай
қорбайъ буданд, дар будан ва набудани ӯ якзайл кор мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар аввали дидан шумо гумон мекунед, ки оби борон ба мурури замон аз қуллаи кӯҳ ба поён шорида, рафта-рафта дили сангро чок карда ин ҷоро кофтааст
(С. Айнӣ, Куллиёт). Пагоҳӣ вақти ба кор рафта истоданам пеши роҳамро гирифт (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Дар вақти
он суханҳоро гуфтани ӯ ман дар дили худ гузаронида будам, ки

пешина
аз 312
навбатӣ