Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ки бо ҷонишинҳои гуногун таркиб ёфтаанд: Шодӣ он шаб Шарифро дар хонаи худ ҷо дод (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ҳамон рӯз аз гузари Мирдӯстим як нафар ҷавони хушсарулибос мегузашт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Умрихола меҳмононро ба нишастан таклиф намуда, ҳар замон ба афти Сафар нигоҳ карда мемонад (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Сардори хонавода — Ҳасан ҳар сол пеш аз ҳамсоягонаш ба кор баромада ҳамаи ҳосилатро аз ҳама пештар ғундошта мегирифт (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар сурудхонӣ ҳеҷ гоҳ шунавандагон ба маънии байти хондашудагӣ диққат намекарданд ва онро намефаҳмиданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ба вазифаи ҳоли замон на танҳо исмҳои замон, балки дигар исмҳо ҳам меоянд, вале онҳо фақат бо ёрии воситаҳои грамматикӣ омада метавонанд:
Дар силсолагии Очил-Батрак ба хонадони онҳо духтарчаи логарак ва маҳинак пайдо шуд, ки номашро Зайнаб гузоштанд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Дар дами пирӣ як орзу, ҳавасатро бинам, мегӯям (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан). Дар вақти обхези Зарафшон аз ҳамин оби нав кушодашуда як ҷилдироба меомадагӣ шудааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар аснои ҳикояти вай аз дарунӣ зинхона садоҳои гуногун баромадан гирифт... (С. Айнӣ, Ғуломон). ...Ин иморат ба тозагӣ бино ёфта будааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман медонам, ки Мунира ба наздикӣ ба шавҳар мебарояд... (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман). Ака Эргаш дар замони амир дар ҳар кор аз ман бадгумон шуда, бо ман дарафтида ба рӯям давида мегашт (С. Айнӣ, Куллиёт). ...бо ин, рӯи ҳавлӣ дар мавриди барфу борон аз тар шудан нигоҳ дошта шуда буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Баъзан дар ифодаёбии ҳоли замон бо исмҳо пешоянди аслӣ дар таркибҳои пешояндӣ зикр намеёбад:
Ҳаст дар ёдам, ки ҳангоми сафар
Карда будӣ дӯстонатро хабар.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Касби ӯ ҳалвогарӣ буда, ҳар сол вақти ангурпазӣ ба деҳаи Реззор рафта, аз он ҷо ангури як-ду боғро харида, шиннӣ пухта, ба шаҳр мекашондааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
Бояд қайд кард, ки пешоянди аслии «дар» асосан бо исмҳои замон омада, ба равшантар ифода ёфтани ҳоли замон ёрӣ мерасонад. Пешояндҳои таркибӣ ба ин вазифа хеле кам меоянд, онҳо асосан бо исмҳое меоянд, ки мафҳуми замонӣ надоранд ва ин таркибҳо барои ифодаи замонии онҳо ёрӣ мерасонанд. Маҳз ба туфайли пешояндҳои таркибӣ исмҳои маънӣ ва ифодакунандаи шахс ба вазифаи ҳоли замон меоянд:
... дар вақти меҳмондорӣ ва умуман барои меҳмонхона ҷой тайёр мекардам, дар вақти дастурхонпаҳнкунӣ ошу нону чой ва дигар чизҳоро ба Мирзо Абдулвоҳид мерасодам, дар вақти аспшӯй ба саис ёрӣ медодам ва баъзан таги пои аспонро ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё