Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

аз ин қадар дароз ба осмон чашм дӯхта хомӯш мондани ӯ дар ҳайрат мемонд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Бо исм ва ибораҳои исмӣ. Ба вазифаи ҳоли замон, ки вақти иҷрои амалу ҳолатро ба таври умумӣ нишон медиҳад, исмҳо ба таври фаровон истифода меёбанд. Ба ин вазифа бештар исмҳо меоянд, ки мафҳуми замонӣ доранд: Зимистон дар оғил, тобистон дар суфаи пеши оғил мехобам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Шаб надидам туро, ситораи ман,
Шӯълавар дар ҳаво, Ситораи ман!

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Исмҳо ба вазифаи ҳоли замон бевосита дар шакли ибора ҳам меоянд. Дар чунин ҳолат исмҳо ҳиссаҳои гуногуни нутқро ба худ тобеъ намуда бе калимаҳои эзоҳдиҳанда ба вазифаи ҳоли замон омада наметавонанд. Ин ҳолат бештар дар ибораҳои исмие дучор меояд, ки ҳиссаи эзоҳшавандаашон сифати феълӣ, шумора ва ҷонишинҳо мебошанд. Чунончи, дар мисолҳои зерин сифатҳои феълӣ барои ба вазифаи ҳоли замон омадани исмҳо ҳиссаи ногузир мебошанд: Қисми ҳарбии Ҳурраминоро моҳи гузашта аз ихтиёри армияи мо гирифта ба армияи ҳамсоя доданд... (Журн. Садои Шарқ). Ҳафтаи гузашта ба хонаи мо чор зан меҳмон шуда омада буд (Р. Ҳалил, Шикасти тилисмот).

Аммо сифати феълӣ на дар ҳама ҳолат барои ҳоли замон шуда омадани исмҳо ҳиссаи ногузир шуда мемонад. Дар исмҳое, ки бе калимаи эзоҳдиҳанда ба вазифаи ҳоли замон омада метавонанд, вай танҳо барои конкрет кардани замон хизмат мекунад.

Чунончи, дар мисоли «Тирамоҳи гузашта пахтаҷаллобони тӯсӣ пахтаро аз деҳқонон бо нархи баланд хариданд» (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо) сифати феълии «гузашта» барои конкреттар намудани замон хизмат кардааст, вагарна тирамоҳ мисли дигар исмҳои ченаки вақт: баҳор ва зимистону тобистон, инчунин шабу рӯз ба вазифаи ҳоли замон танҳо омада метавонад.

Аммо дигар исмҳои ченаки вақт (аср, моҳ ва ҳафта) дар ҳамин шаклашон ба вазифаи ҳоли замон омада наметавонанд, ба ин вазифа ҳамон вақт меоянд, ки калимаи эзоҳӣ ва ё суффикс қабул намоянд.

Шумораи як ба исм воста шуда ояд ҳам, баъзан аз вазифаи шуморавии худ дур рафта чун артикли номуайянӣ воқеъ мегардад. Дар чунин ҳолатҳо исм ва яку ягон ҳоли замон мешаванд.

Чунончи: Як тобистон дар вақти дарав Амон ба дашт омада, бо падарам моҷаро сар мекунад... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ягон рӯз вақт шавад, ба шумо ҳикоя карда медиҳем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Ба вазифаи ҳоле, ки замони амалу ҳолатро ба таври умумӣ
ифода мекунад, аз ҳама зиёдтар ибораю таркибҳои исмие меоянд,

пешина
аз 312
навбатӣ