Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
абрӯҳошон ӯсма мекашиданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Аз деҳа болотар кони ангиштсанг ёфт шуда буд... (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ба Тошканд ба хондан рафт (Журн. «Садои Шарқ»).
- Ҳамаи хелҳои ҳоли макон аз паҳлуи хабар дур, дар байни дигар аъзоҳои ҷумла низ омада метавонанд: Рӯзи дигар дар сари бозор ҳама ёрӯ ошноҳо Кенҷабойро дида муборакбод кардан гирифтанд (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан). Ман аз район фаҳмидам, ки дар қарибӣ ба ин қишлоқ ҳам комиссияи кулаккунӣ меомадааст (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).— Дар ҳамин қарибӣ аз район як ҳавличаи дуруст ба даст медаромадагӣ барин (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар ин дам аз куҷое овози «қӯ-қӯ»-и мургони номаълуме шунида шуд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Баъзан ҳоли макон дар байни ҳиссаҳои хабари номӣ воқеъ мегардад:
Бе хилофи мазҳабу мулку лисону дину одат,
Фазлаҳо ҳастанд дар ҳар ҷо бародар, эй деҳотӣ.
(А. Лоҳутӣ, Куллиёт)
Ҳоли макон на танҳо ба хабар, балки ба дигар аъзоҳои ҷумла низ вобаста шуда меояд, ки бо ибораҳои сифати феълӣ, феъли ҳол ва масдарӣ ифода ёфтаанд. Дар чунин мавридҳо ҳоли макон аз хабар дур, дар дохили ибора, ё ки пеш аз ҳамон аъзои ҷумла ва ё ҳиссаи он меояд, ки ба вай вобаста аст.
М и с о л: Вақте ки модар чорумин бор аз остонаи дар ба Сафари дар рӯи кат дарозкашида назар кард, вай рӯяшро бо китоб пӯшида ба хоб рафта буд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Баъд аз ин Ермак ба дасти Сафар мактуби аз диёраш омадаро доду мувофиқи фармони командири батальон зуд ба подразделения ҳозир шудани ӯро хабардор кард (Ф. Ниёзӣ, Вафо).— Худашон ҳам хишти аз хумдон баромада барин пухта шуданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Чашмони ҳаросидаи ӯ ба он шахс дӯхта шуда бошанд ҳам, кӯ будан ва аз куҷо пайдо шудани онро надониста монд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ба мактаб рафтан, ба сӯи илму озодӣ қадам мондани Оиша ба кори онҳо халал медод ва онҳо онро дида наметавонистанд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
Баъзан ҳоли макон баъд аз аъзои эзоҳшаванда ҳам меояд: Аз рафтани бародарам ба Тошканд се-чор моҳ гузашта бо-шад ҳам, аз вай ҳеҷ хабар набуд... (С. Улуғзода, Субҳи ҷаво-нии мо).
ҲОЛИ ЗАМОН
Ҳоли замон кай ва дар кадом вақт воқеъ шудани амалу ҳо-латро ифода менамояд: Ғӯзаҳои имрӯз харидаамро фардо ху-дам баркашида ба пахтакашҳо тақсим карда медиҳам (С. Ай-нӣ, Куллиёт).— Ҳанӯз хӯрок тайёр нашудааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё