Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
дашт ва аз бағали васеи биёбон ҳам ягон аломат намоён набуд (С. Айнӣ, Куллиёт).
- Ҳоли макони чида, ки ба ҳам дар муносибати хилофӣ буда, ба воситаи интонация ва пайвандакҳои хилофӣ ба якдигар алоқаманд мешаванд:
— На аз як тараф, балки аз ҳар тараф ва аз ҳама ҷо моро печонда гирифтаанд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар райони Тус отрядҳои мусаллаҳи худмуҳофизакунӣ на дар ҳама ҷо, балки фақат дар худи Тус ва дар деҳаи мо буданду бас (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҷой буд, аммо на дар ҳавлии мо, балки дар хонаи онҳое, ки ҳар кадоми моро ба ҳисоб гирифта, гӯш ба қимор меистоданд... (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман).
- Ҳоли макони чида, ки ба ҳам дар муносибати истисноӣ буда, бо ёрии пайвандакҳои ҷудой ба якдигар алоқаманд шудаанд:
Ҳар гоҳ ки ҳукми амир содир шавад, дар Регистон ё дар Хоҷа Нуробод — дар майдони бозори шаҳр ё дар беруни шаҳр дар майдони машқи сарбоз ӯро сангсор мекунанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Акнун дашту саҳро боз хомӯшӣ пайдо карда буд, акнун сагон ҳам... болои бомҳо баромада ҳар кадом ба болои ғарами беда, ё тӯдаи явшон ҷойгир шуда оромона хобида буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). — Агар ёбони Қарохониро мол карда шуда бошанд, ҳамин вақт бояд дар Қарақалпоқ бошанд, ё ин ки дар ёбони Қоқо... (С. Айнӣ, Куллиёт). Пас аз он намози ашроқро хонда ба ҷомеи арк-ё ба меҳмонхонаи раҳимхонӣ мебаромад ва дар он ҷо ба муллобачаҳо — талабаҳое, ки ҷамъ шудаанд, дарс медод (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз тарси хабардор шудани модаршӯй Қутбия, ки дар даҳлез ё ин ки дар хонаи дигар буданаш эҳтимол буд, Ҳамдам-Фӯрма сахттар кӯфтани тирезаро муносиб надода, аз замин як кулӯхчаро гирифта дар тиреза навишт... (С. Айнӣ, Куллиёт).
ҶОИ ҲОЛИ МАКОН
-
Ҳоли макон асосан ба хабари ҷумла вобаста шуда меояд, ки вай дар наср аксар вақт пеш аз хабар меояд. Дар ин ҷо бештар ҳоли макони сӯй воқеъ мегардад: Лекин нигоҳ карда истам, Сурайёхон аз дасти писарчааш гирифта омаду ба мактаб даромад (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Пас чӣ тавр карда вай аз он ҷо дур равад (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). — Ҷонам қатӣ, — гуфт мӯйсафед ва ба сад фикру хаёл ба бозор даромад (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан). Раҳимҷон бошад, баъд аз маҷлис ба шаҳр рафту бевақт гашта омад (Ҷ. Икромӣ, Шоди).
-
Дар аввали ҷумла қариб ҳамаи хелҳои ҳоли макон меояд, аммо ҳоли макони сӯй дар ин ҷо нисбатан камтар воқеъ мегардад, ҳоли макони роҳи ҳаракат бошад, дар мисолҳои мо дар аввали ҷумла наомадааст: Дар хона Зайнаб ва Хадича ба
167

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё