Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
пас аз пайвандак омадагӣ пешоянд намеояд. Ин аз он сабаб аст, ки дар як ҷо омадани ду воситаи грамматикӣ (пешоянд ва пайвандак) равшании тарзи талаффузро халалдор мекунад ва бе пешоянд ҳам ифода ёфтани муносибати маконӣ имконпазир аст. Инро дар ҳолҳои ҷуфт ва мисолҳои зерин равшан дидан мумкин аст: Мардум дар зери айвони масҷид ва майдончаи пеши он ҷамъ омада буданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар домана ва рӯи теппачаҳои сабзу хуррам, дар атрофи киштзорҳо, дар канорҳои дарёча ва ҷӯйҳо, дар сари бому деворҳои қишлоқ ҳама лола буд... (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Баъзан бо ҳар як аъзои чида такроран омадани пешояндҳо, ҳатто дар ҳолати омадани пайвандакҳои паиҳам, дида мешавад. Ин ҳолат пеш аз ҳама барои равшантар ифода намудан ва таъкид кардани маънои маконии он аъзои чида ба амал меояд.
М и с о л: Дар ноҳия ва дар қишлоқ шумо барин одам дору мешавад, дору! (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
Ғайр аз ин, дар ҳолатҳои зерин бо ҳар як аъзои чида омадани пешояндҳо мушоҳида карда мешавад: 1) Агар пеш аз аъзоҳои чида ҳиссачаи инкорӣ омада бошад: ... на дар осмон ва на дар замин ҳеҷ чиз ба назар наменамояд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба ҳар ҳол Калоншоҳ чунон машҳур буд, ки на дар ноҳия, на дар марказ ҳеҷ кас дар таҳти ин ном дигареро ба ёд намеовард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
- Агар аъзоҳои чида бо ҳиссачаҳои «на танҳо» ва «на фақат» омада, бо пайвандаки «балки» алоқаманд шуда бошанд: Ин корро на танҳо дар ин ҷо, балки дар тамоми қаламрави ҷаҳони олӣ, ки дар сари роҳи оҳан воқеъ шуда бошад, мекунад (С. Айнӣ, Куллиёт). Барояшон на фақат аз хона, балки аз дида ҷой медиҳанд... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Асари насрнависи ҷавони мо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар республикаҳои бародарӣ, дар Москва тарҷима шуда баромада истодааст (Журн. «Садои Шарқ»). Ҳафиза бошад, аз дунё бехабар, бо овози баланд авҷи ашулаашро мегирифт ва овози вай, албатта, на фақат дар меҳмонхона, балки дар кӯча ҳам шунида мешавад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Баъзан ба ҷои пайвандаки балки ҳиссачаи ҳатто меояд, ки дар ин ҳолат ҳам пешоянд бо ҳар ду аъзои чида такрор мешавад: На танҳо ба Оренбург ва Троицкий, ҳатто ба Ирбит ҳам рафта омадам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Алоқа ва муносибати байни худи аъзоҳои чидаи ҳоли макон мисли ҳамаи аъзоҳои чидаи ҷумла гуногун аст. Чунончи:
- Аксар вақт ҳоли маконии чида ба ҳам дар муносибати шумур ва паиҳам буда, онҳо ба якдигар ба воситаи интонация ва пайвандакҳои паиҳам алоқаманд мешаванд: Вале то ба ҳол ба мактаб, табобатхона, беморхона, боғчаи бачагон, китобхона ва мактаб-интернати колхоз нарафтаам (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман). Пас аз он ба сари як тали баланд баромада то нури чашмаш мерасид, ба ҳар тараф чашм андохт, аз гӯшаҳои дури

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё