Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аз дили дашт оби саҳро рафт,
Сар-сари регҳои саҳро рафт.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Об равад таг-таги яхҳои пир
Мисли ҷавоҳир зи дили ҳар адир.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Дар он ҷо як сои хушк буд, мо дарун-даруни сой равон шудем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Бо ёрии пасоянди «катӣ||кати» ба вазифаи ҳоли макони роҳи ҳаракат омадани исмҳо ва ибораҳои исмӣ мумкин аст. Ин гуна таркиб ёфтани ҳоли макон ба забони зинда мансуб буда, дар асарҳои бадеӣ ба ниятҳои услубӣ истифода шудаанд: Ин роҳ катӣ рафтан хавфнок аст... (С. Айнӣ, Куллиёт). ...ағба катӣ омадай? (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

ҲОЛИ МАКОНИ ЧИДА

Ду ва ё зиёда ҳоли макон ба як аъзои ҷумла вобаста шуда, онро эзоҳ медиҳанд: Ҳоло ба тарафи Сталинобод, Тирмиз, Каркӣ рафта бозёфтҳои аз магазин кардагиамро ҷаллонда гаштем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар вақтҳое ки ман дар мадрасаи Бадалбек будам, дар паҳлуи масҷиди калон ва дар канори роҳ чор дӯкони рехтагарӣ буд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ҷануби шарқӣ, дар шарқ, шарқи шимолӣ ва дар ғарб, ба торикии шаб нигоҳ накарда, уфуқ сурху сафедча метофт (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Дар мактаб, пас аз он дар техникум ва институти муаллимон педагогҳои нағз ва ботаҷриба, муаллимҳои пурихтисос ба ӯ дарс дода буданд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Воситаҳои грамматикии ифодаи ҳоли макон — пешояндҳо бо ҳолҳои макони чида як хел намеоянд. Пешоянд танҳо бо ҳоли чидаи якум ояд ҳам, ба ҳамаи чидаҳо тааллуқ дорад. Мисол:
Касоне, ки ба Самарқанд ва Тошканд рафта, ба ҷавонон ҳамроҳ мешаванд, большевик мегарданд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ӯ, ки дастархон паҳн мекард, ин корсонро гирифта, ба пеши Шокир ва Рӯзӣ ниҳод, Шокир... дасту рӯи худро шуста, бо миёнбандаш пок карда, ба пеши Рӯзӣ ва Сафаргулом омад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Баъзан аъзоҳои чидаи якуму дуюм бо пешоянд, вале сеюм бе пешоянд меояд: Хӯҷаинҳо дар хонаҳои сиёҳ, дар чодирҳо ва каппаҳои худ оромона мехобиданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Фашистон чун гургони гурусна ба сӯи колхози Кавказ, ба сӯи анбори ғаллаи Кубань ва соҳилҳои Волга — ба сӯи шаҳри Сталинград ҳаракат карданд (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан).

Мисолҳо нишон медиҳанд, ки дар он ҷое, ки дар байни аъзоҳои чида пайвандакҳои паи ҳам омадаанд, бештар бо аъзои чидан

пешина
аз 312
навбатӣ