Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Баъзе феълҳо хусусияти гуногун ва маъноҳои зиёде доранд. Ба онҳо на танҳо як хели ҳоли макон, балки якчандтои он тобеъ шуда метавонанд. Дар ин гуна ҳолатҳо ба кадом маъно омадани феълро муайян кардан барои таъин кардани ҳол имконият медиҳад. Чунончи, ба феъли «паридан» аксар вақт ҳоли макони ибтидо вобаста мешавад, аммо дар мисоли зерин вай ба маънои гузаштан омада, ҳолҳои маконе, ки ба вай ба тарзи чида тобеъ шудаанд, на ибтидоро, балки роҳи ҳаракатро мефаҳмонанд:

Мепаридам аз сари чандин диёр,
Аз сари Байт-ул-муқаддас шӯълавор,
Аз сари хоки Фаластину Ироқ, —
Дашту саҳроҳои майдони нифоқ.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Ба туфайли пешояндҳои таркибии изофӣ, ки ҳиссаи номии онҳо (мобайн, миён, қафо, боло, пеш, назд ва монанди инҳо) мафҳуми маконӣ дорад, ба вазифаи ҳоли макони роҳи ҳаракат на танҳо исмҳои макон, балки дигар исмҳо ва ибораҳо ҳам омада метавонанд:

Мегузашт он аз миёни хел-хел инсони даҳр,
Аз миёни некбахтону сияҳбахтони даҳр.
Мегузашт он аз миёни зиндагонию аҷал,
Аз миёни ростию банди занҷири ҳиял.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Воситаҳои грамматикие, ки дар боло дидем, аксар пешояндҳои муштараквазифа мебошанд, ёрии онҳо барои ҳамчун ҳоли макони роҳи ҳаракат сурат гирифтани исмҳо вазифаи туфайлиашон мебошад. Дар забони адабии тоҷик пешояндҳое ҳастанд, ки асосан барои бо исм ифода гардидани ҳоли макони роҳи ҳаракат истифода мешаванд.

Пешояндҳое, ки вазифаи асосиашон барқарор намудани муносибати ҳоли макони роҳи ҳаракат ва амали эзоҳшаванда мебошанд, дар шакли такрори исм ва изофат меоянд. Аз ин рӯ, ба чунин пешояндҳо истилоҳи «пешояндҳои такрори изофӣ» муносиб дониста шуд. Пешояндҳои такрори изофӣ, ки барои ҳамчун ҳоли макони роҳи ҳаракат воқеъ шудани исмҳо ва ибораҳои исмӣ ёрӣ мерасонанд, асосан аз инҳо иборатанд: лаб-лаби, қад-қади, рӯ-рӯи, сар-сари, таг-таги, дарун-даруни:

Бандиёнро лаб-лаби рӯди Пирмаст ба тарафи ғарб нигоҳ карда меронданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Хосият лаб-лаби ҷӯй бо як азоб қадам монда меомад (А. Сидқӣ, Чӯраи деринаи ман). Ҳар ду ба лаби ҷӯй, ки қад-қади роҳ ҷорӣ мешуд, баромада истоданд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Ман рӯ-рӯи рельси ҷилодор давидан гирифтам.

пешина
аз 312
навбатӣ