Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷавон аз кӯчаи қишлоқ мерафт,
Гуселонида ҷуфташ тоқ мерафт.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

...аробакаш моро аз кӯчаҳои каҷу килеби торик ва беодам мебурд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Дар ифодаи ҳоли макон, ки роҳи ҳаракатро мефаҳмонад, исмҳо бо ёрии пешояндҳои таркибӣ изофӣ низ меоянд:

...аз ин ҷо ба воситаи равзан берун омад (Журн. «Садои Шарқ»). Роҳи калони сангфарши навро ба воситаи қишлоқи Қаторбед кашида буданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Аз деҳа болотар кони ангиштсанг ёфт шуда буд ва бинобар он ба воситаи деҳа роҳи калони сангфарш ҳам кашида шуда буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Ба ҳамаи ин овозҳо шавваси рӯди шӯхи аз мобайни қишлоқ гузаранда ҳамовоз мешуд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳозир дар ҷӯй об нест, аз даруни ҷӯй гавак кашида рафтан мумкин (Журн. «Садои Шарқ»).

Барои муайян намудан ва таъин кардани ҳолҳо на фақат ба пешояндҳо, балки ба калимаи эзоҳдиҳанда, асосан ба феълҳо эътибор додан лозим аст, вагарна дар таснифоти ҳолҳо ва ҳоли макони ибтидову роҳи ҳаракат ғалат шуданаш мумкин аст.

Масалан, ба бисёр феълҳо, аз ҷумла ба феъли «баромадан» аз ҳоли макон фақат оне вобаста шуда меояд, ки ибтидо ва сарчашмаи амалу ҳаракатро мефаҳмонад, вале нисбат ба феъли «гузаштан» ин фикрро гуфтан мумкин нест, чунки ба ин феъл асосан ҳоли маконе вобаста шуда меояд, ки роҳи ҳаракатро мефаҳмонад. Чунончӣ:

Исм ва ибораҳои исмӣ бо пешоянди аслии аз: Вай аз Полтава, Киев, Харьков ва Кременчуғ гузашта рафт. Ҳодибой вақте ки аз дарёи Дон мегузашт, ба ёдаш романи машҳури Шолохов «Дони Ором» расид (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан). Аз кӯчаи калон, аз пеши масҷид гузашта рафтан лозим меомад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Бо пешояндҳои таркибӣ изофӣ: Ҳодибой аз байни сабзазоре гузашта ба канори дарёчаи беноме расид (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан).

Аз миёни ду ҷаҳон дарёи Ому мегузашт,
Рез дар домони худ ин сӯву он сӯ мегузашт.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Аз пеши масҷид гузашта дид, ки дари он баста ва касе нест (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ин вақт аз қафои ҳавлиашон машинаи боркаш гузашт, ки садои вай торикиро ларзонду хоби моро гурезонд (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Роҳи оҳани камбар дар Даҳанакиик аз қарибии доманаи кӯҳ мегузарад... (С. Улуғзода, Диёри Навобод).

пешина
аз 312
навбатӣ