Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
— Кошкӣ мемонданду ман ҳам то он сӯтар шумоҳонро гусел карда, ҷои исту манзилатонро бо чашми худам дида хотирҷамъ шуда меомадам... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Дар ин вақтҳо барои мо ин тараф то Машҳад ва он тараф то Қазвин роҳ кушода буд... (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар фазои тира овози ҷавон
Рафт то авҷи сурайё барқсон.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
То пеши дари магазин ҳавотир буд, ки фурӯшанда ҳозир аз қафо овоз мебарорад, ки «ҳой почо, ман ҳазл карда будам, гардед» (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Онҳо бо сардории Зебо муаллими худро то беруни қишлоқ гусел карданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
V. Ҳоли маконе, ки роҳи ҳаракатро мефаҳмонад: Ҳамдамфӯрма бо зери дарахтони қатор, лаблаби ҷӯй рафта ғоиб гардид (С. Айнӣ, Куллиёт). Вай қадқади гӯза рост ба тарафи ҷӯи Дӯлона равон буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дилбар аз байни ду замини пахта мерафт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Баъд Норзода бо ҳамроҳии ӯ аз пайраҳае, ки дар гирдогирди майдончаи клуби колхоз буд, роҳ рафта, дар шаҳр чӣ корҳо кард, чӣ гапҳо шуд, аз вай пурсид (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Бо зарф ифода ёфтан ба ҳоли макони роҳи ҳаракат характеринок нест, ин навъи ҳоли макон асосан бо исм ва ибораҳои исмӣ ифода меёбад.
Исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли макон, ки роҳи ҳаракатро нишон медиҳад, танҳо бо ёрии воситаҳои грамматикӣ меоянд. Ба ин вазифа бо исм пешояндҳои аслии бо, ба, аз меоянд: Қорӣ Ишкамба дар он рӯзҳо ба кӯча камтар мебаромад ва дар вақти ба кӯча баромадан ҳам бо тангкӯчаҳо ва пасткӯчаҳо роҳ мерафт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Барои он ки чашми одамҳо ба ман наафтад, ман ба деҳа на ба роҳи калон, балки аз канортар, бо кӯчабоғҳои танг дохил шудам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Кадом як қувваи адонашавандае ӯро ба бағали кӯҳсор ба пайраҳаҳои танги пурхатар ва марғзорҳои нопайдоканор меандохт (Журн. «Садои Шарқ»).
Ҷониби пойтахти тоҷикон
Бо ҳамин роҳ ман сафар кардам.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Қадам мезад ба қишлоқе, ки онро
Чу модар дӯст медорад ба дунё.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё