Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
макони ибтидо ба воситаи пешоянди аслии аз меоянд: Командирҳо аз куҷо пайдо шудани сигорҳоро надониста ҳайрон буданд (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Падарам як бор аз ким-куҷо як ҷувол ангиштсанг ёфта овард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз дарун як зани миёнсол баромада аз дасти Ашӯр чароғро гирифта бурд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳатто дутои онҳо ба сӯи гап майл карда мехостанд, ки позицияи Ҳодибойро аз қафо зер кунанд (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшкан). Хабар омад, ки аз пеш як тӯда танкҳои душман меоянд (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшкан). Аз боло Хадича ба дасташ кӯза мефарояд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Бини ба бодиринги тухмии аз поён ду сӯрохӣ доштае шабоҳат дорад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).
Исмҳо низ ба ин вазифа бо пешоянди аз меоянд: Дигарон ҳам аз даҳлез баромаданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Қозҳо хеле дур шуда буданд, ки аз осмон чакраҳои калон-калони борон боридан гирифт. Вай аз Хуҷанд, баъд аз чанд гоҳ ба модараш хат кард, ки барои ӯ арӯси хубе ёфтааст. — Ба қишлоқи мо аз шаҳр комиссияҳо омада, колхоз сохта додани шуданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Дар ифодаи ҳоли макони ибтидо бо исм пешояндҳои таркибии номӣ низ иштирок менамоянд. Дар таркиби ин гуна пешояндҳо одатан пешоянди аслии аз омада, барои ифодаи ибтидои амалу ҳолат ёрӣ мерасонад: Ман рафта барзаговро аз сари замин биёрам, шумоён ҷой андохта додарамро осуда хобонетон, — гуфта Бозор зуд баромада рафт (С. Айнӣ, Куллиёт). Занон ва духтарони дигар ҳам аз болои дарахтон ва зери онон ба олу чидан даромаданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Баъд аз он аз рӯи қолин қамчинро гирифта ба миёнбандаш халониду хандид (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Хадича аз лаби дарё кӯзаи пуробро ба даст гирифт... (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Пас, аз даруни кабинаи он касе баромаду ба сӯи дарвозаи паррави ҳавлии Совети қишлоқ равон шуд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
IV. Ҳоли маконе, ки интиҳои амалу ҳаракат, нуқтаи охирини инро далолат мекунад: — Аввал туро то хонаат бурда мемонам, пас аз он ба ҳавлии худ бармегардам (С. Айнӣ, Куллиёт).
То фалак мерафт фарёди нафир
Аз дили сӯзони Саҳрои Кабир.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Писару модар Боборо то беруни дар гусел карданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Посбони ман шуморо то худи тангӣ гусел мекунад (Журн. «Садои Шарқ»).
Ҳоли макони интиҳо бо зарфу таркибҳои зарфӣ ва исму ибораҳои исмӣ бо ёрии пешоянди то ифода меёбад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё