Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Фақат як хурӯси олуфта ба болои боме баромада, аз чизе дар қаҳр шуда бо тамоми овозаш фарёд мекард... Бачагон пода ва рамаҳои худро ба тарафи деҳа ронданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо ба сӯи заминҳои Муҳаммадҷон равон шуданд. Каромат гӯсолаи худро ҳай карда ба сӯи қишлоқ рафт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Тарафи шимолии раҳравро то ба деҳае, ки қариб дар як километр дурӣ намудор буд, тарафи ҷанубии вай аз роҳи мошинагард гузашта ба даруни гандумзор морпеч шуда мерафт (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ин ба ман бисёр алам мекард, ман ба назди модарам омада гиря мебардоштам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз ҳама охир Зебӣ омада, вай ҳам бо саросемагӣ ҷуволи охирини худро ба пеши тарозубон партофту ба назди лавҳа рафт (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Бо таркибҳои ҷонишини. Ҷонишинҳо ба вазифаи ҳоли макони сӯи танҳо бо пешояндҳои таркибии изофӣ меоянд, ки ҳиссаи номиашон мафҳуми маконӣ дорад:
Дар ҳамин вақт маҳмаддоно ба хотираш расида ба пеши ӯ давида рафта, аз вай маслиҳат пурсидааст. Ба пеши ту омаданам ҳам барои дар ин бора бо ту машварат кардан буд. — Ман хабар гирам, ки инҳо чӣ ҷанҷол доранд, — гӯён аз ҷояш хеста ба пеши онҳо омад... (С. Айнӣ, Куллиёт). Вақте ки аз президиум Одил Саркор Ҳодикӯсаро ба назди худ ҷеғ зад, Ҳодикӯса бо сумкаи хаткашониаш давон-давон ба назди саҳна рафта, як коғазеро, ки дар даст маҳкам нигоҳ медошт, ба ҳозирон нишон дода, саросема гуфт: (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Бандакҷонишинҳо ба ҳиссаи номии пешояндҳои таркибии изофӣ васл шуда, ба вазифаи ҳоли макони сӯй омада метавонанд:
Ба ин ҷо ҳолдон Қуйбышев омад,
Ба наздаш косибу деҳқон баромад.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
— Чӣ мегӯед! — гуфта ба ақибаш нигоҳ кард вай, — гӯсола маст шудагӣ, намеистад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ба ақибам нига-риста як ҷавонро бо духтаре дидам (Р. Ҷалил, Шикасти тилис-мот). Аспи газанда намегузошт, ки Ҳодибой ба пешаш равад (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан).
III. Ҳ о л и м а к о н, ки ибтидо, с а р ч а ш м а, ҷ о и с а р-ш а в и и а м а л у ҳ а р а к а т р о д а л о л а т м е к у н а д:
Аз осмон фуромадааст ё аз замин баромадааст (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).
Медали тиллоӣ аз Маскав ба номат омадааст,
Аз тамоми мамлакат мадҳу саломат омадааст.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Ҳоли макони ибтидо асосан бо зарфу таркибҳои зарфӣ ва исм ифода меёбад. Зарфҳо ва таркибҳои зарфӣ ба вазифаи холи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё