Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
шуда меоянд: Дар як тарафи табақи палав Бобомуродбой нишаста буд, дар рӯ ба рӯи ӯ ятимонаш — Шодӣ ва Истад менишастанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар паҳлӯи ӯ имоми деҳа бо ҷомаҳои васеи дароз ва саллаи калони калонвор бастаи худ ҷой гирифта буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Шаҳсуфаҳои қатори дар зери шомиёнабударо ҳам бо қолинҳои сурхи қизилаёқӣ зинат дода, дар гирдогирди онҳо ҳам кӯрпачаҳои шоҳӣ ва адраси даврихонагӣ андохта буданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Бандакҷонишинҳо баъзан ба ҳиссаи номии пешояндҳои таркибии изофӣ васл шуда якҷоя ба вазифаи ҳоли макон меоянд:
Дар рӯ ба рӯяш ҷӯраи деринаи ҳаммаҳаллаю ҳамсинфаш менишаст, ки номаш Хуррам буд (Журн. «Садои Шарқ»).
Ба наздам пирамардӣ шарқ дидам,
Ба нур онро саропо ғарқ дидам.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
II. Ҳоли маконе, ки ба кадом сӯй, тараф нигаронидан ва равона шудани амалро ифода мекунад: — Овози вакилоне, ки шумо хостаед, аз туман онсӯтар нахоҳад гузашт (С. Айнӣ, Куллиёт). Вай як сол пеш аз ин ба Хӯҷанд рафта, дар курсии тракторчигӣ хонда, дар МТС кор карда, таҷриба гирифта, ҳоло ба совхоз барои кор кардан омадааст (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Муллотолиб зуд шинохт ва бо як сурфаи сохта ба даруни хона даромад (Р. Ҳалил, Шикасти тилисмот).
Ин гуна ҳолҳо бо зарф ва таркибҳои зарфӣ, исм ва ибораҳои исмӣ, инчунин таркибҳои ҷонишинӣ ифода меёбанд.
Зарфҳо ва таркибҳои зарфӣ ба вазифаи ҳоли макони сӯй ҳам бевосита ва ҳам бавосита меоянд:
Мо камтар поёнтар фаромадем (Р. Ҳалил, Шикасти тилисмот). Ҳамроҳи мо ба дарунтар даромада, нигоҳ кард (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Ҳоли макони сӯй асосан бо исм ва ибораҳои исмӣ ифода меёбад: Аз ҳар тараф «мактаб рав» гуфта ниҳо мекардагиҳо бисёр шуданд (Р. Ҳалил, Шикасти тилисмот). Дӯсти ман Шарофҷон ҳам ҳунар омӯхта, да дараҷаи устоӣ расида буд, ки ба корхонай шайх кӯчид. Вай дарҳол пас аз маҷлис ба касалхонай ноҳия, ба дидани писараш рафт. Аз пасаш ба хонааш рафтам, бинам, ки рӯзнома хонда нишастааст. Онҳо ҳамроҳ ба ҳавлӣ даромаданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли макони сӯй ба воситаи пешояндҳои таркибии изофӣ низ меоянд. Ҳиссаи номии пешояндҳо барои нишон додани сатҳу масоҳат, рӯю дохили он хизмат мекунанд ва барои ба вазифаи ҳоли макон омадани баъзе исмҳо, ки мафҳуми маконӣ надоранд, ёрӣ мерасонанд.
Вақто ки Зайнаб ба рӯи ҳавлӣ баромада, ба таги дарвоза расид, Мухтор аз паси вай тохт (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё