Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
дар таги бед ба дамгирии пешин баромада менишастанд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Решаи ток, ки дар зери замин маскан дошт,
Бо замин ваъдаи як умр вафо кардан дошт.
(Журн. «Садои Шарқ»)
Дар паси дарахт касе рост шуда истодааст (Ҷ. Икромӣ, Ман гуноҳгорам).
- Пешояндҳои дар назди, дар пеши, дар қарибии, дар ҳузури, дар муқобили, дар рӯ ба рӯи, дар оқиби, дар қафои, дар гирдогирди. Бо ёрии ин пешояндҳо, ки ҳиссаи номиашон маконро далолат мекунад, на фақат бо исмҳои макон ва ифодакунандаи предмет, балки бо исмҳои ифодакунандаи шахс ҳам ҳоли макон ифода меёбад. Ин пешояндҳо ҳамчун ҳиссаи ногузири аъзои пайрави ҳоли макон воқеъ мешаванд. Мисол:
Тарозубонон, ки дар сари гӯш қалам, дар даст дафтарчаи ҳисоб дар пеши тарозуҳои худ меистоданд, аз ҳарвақта дида имрӯз серкору серташвиш менамуданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Рустам эътибор надода, дар назди дари мактаб рост меистод (Журн. «Садои Шарқ»).
Сиёҳчашмак, ту манро зинда кардӣ,
Маро, то зинда ҳастам, банда кардӣ.
Ба ман дар пеши мардум ханда кардӣ,
Маро з-ин марҳамат шарманда кардӣ.
(А. Лоҳутӣ, Куллиёт)
Қулмурод корсони дигарро оварда ба пеши Сафаргулом гузошт ва худаш ҳам дар паҳлӯи ӯ нишаст (С. Айний, Куллиёт).
Фақат ман дар назди модарам бедор нишаста будам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Дар ифодаи ҳоли макон исмҳо баъзан бо пешояндҳое меоянд, ки дар онҳо пешоянди аслӣ ифода наёфта, воситаи асосии робитаю муносибат ҳамон ҳиссаи номӣ мебошад. Мисол:
Ҳама гирдогирди дастурхон давра гирифта нишастаанд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Шояд зери коса нимкоса бошад? (Журн. «Занони Тоҷикистон»). Он ҷо нозанини нозанинон ва маликаи хубон Меҳрӣ — духтари хурдии кампир, худро ба кӯрпаи кӯҳна печонда, рӯи намадпорае нишаста буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Бо таркибҳои ҷонишинӣ ифода ёфтани ҳоли макон. Ҳоли макон бо таркибҳое ифода меёбад, ки ҳиссаи асосии онҳо аз ҷонишинҳои шахсӣ, нафсӣ-таъкидӣ, ишоратӣ иборатанд. Ҷонишинҳо ба вазифаи ҳоли макон маҳз ба туфайли пешояндҳои таркибии изофие меоянд, ки маънои маконии ҳиссаи номии онҳо пурра ҳис карда мешавад ва ҷонишину пешоянд якҷоя ҳоли макон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё