Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дар ёбони Қоқо Ғуломҳайдар пас аз даравида кӯфтани ҷави худ акнун онро бод карда истода буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ману Хуррам то синфи ҳаштум дар як парта нишаста дарс хонда будем (Журн. «Садои Шарқ»). Дар хонаи дигар ҳисобчӣ ва мудири хоҷагии колхоз ҷой гирифта буданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Ба ин вазифа пешоянди «ба» вақте меояд, ки ба ҷои пешоянди «дар» истифода шуда бошад: Тоҷикписари оташмизоҷ бо рафиқони худ ба ҷои паноҳ ҷойгир шуда ноист ба болои танкҳои душман тир мепошид. Мурдаи садҳо фашистони мурдорро ба боғҳои шаҳрӣ гӯр карда, аз қафо боз тӯдаи тири тӯп ҷеғ зада мегирифтанд (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан).
Исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли макон ба воситаи пешояндҳои таркибӣ изофӣ низ меоянд. Миқдори ин гуна пешояндҳо зиёд буда, асоситаринашон аз инҳо иборатанд:
-
Пешояндҳои дар беруни, дар даруни, дар миёнаҷои, дар байни: «Шодӣ! — гуфта кампир дар беруни дар гиряолуд ба вай муроҷиат кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар даруни работ дар наздикии дарвоза ба тарафи дасти чапи он як чуқурии ҳавзамонанде, ки дар он ҳазор сар гӯсфанд мегунҷид, канда, атрофи онро бо хокҳои аз он чуқурӣ баромада ба қадри қадди одам баланд карда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар байни девори паст рӯи ҳавлии чоргӯша, дар пешгоҳи он ду хона бо миёнаайвон ва дар як сӯ оғил ва коҳдон воқеъ гашта буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар миёнаҷои як сарҳавзи соядор, ба тарафи соярави ҳавз як шахсуфа, ба болои шахсуфа як ҷуфт гилем андохта ва ба тарафи пешгоҳи гилем як қабат курпача паҳн карда се болишт мондаанд (С. Айнӣ, Куллиёт).
-
Пешояндҳои дар рӯи, ба рӯи, бар болои, дар болои, дар сари, дар лаби. Ба воситаи ин пешояндҳо, ки баъзан ба якдигар синоним шуда меоянд, аз исмҳои ифодакунандаи мафҳуми макон ва баъзан предмет ҳам маконе ифода меёбад, ки сатҳу масоҳаро ифода менамояд: Дар рӯи столи муқаррарӣ, ки шояд аз идора оварда шуда бошад, сиёҳидон, қаламдон ва як даста газета дар тарафе, дар тарафи дигар як шишаи холии коньяк ва як шиша коньяки нимаш хурдашуда, чойнаки чой ва пиёлаҳо меистоданд (Ч. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,
Борҳо бусидам аз рухсораи поки Ватан.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Нишастам дар лаби дарёи кӯҳӣ,
Ба худ ман ёфтам маҳвои кӯҳӣ.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
- Пешояндҳои дар таги, дар зери, дар таҳти, дар паси. Мисол: ...аксарияташон занону панҷ-шаш одамоникулҳӯрда буда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё