Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
У ҳолаи калонцам барин фармон додан, дар ҳар кор соҳиб-маслиҳат шуданро намеписандад (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор). ... ман... сурати девор барин беҳаракат мондам (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Акнун бача калон ҳам шудааст, монандӣ як мард кор накунад ҳам, ним мард барин кор карда метавонад (С. Айний, Куллиёт).
Воҳидҳои фразеологӣ ҳам ба воситаи пасоянди барин ба вазифаи ҳоли монандӣ меоянд:
Мирюсуф бетоқат шуда мурғи посӯхта барин ба чаҳор тараф медавид (А. Деҳотӣ, Куллиёт). ...духтуриро нӯги нохун барин ҳам намедонад (П. Толис, Ҳикояҳо). ... чашми касро ба аҷоиботи олами башар мош барин мекушоянд (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Бой дар ҷояш мусичаи уволак барин сараш ҳам, ба ҳеҷ куҷо нигоҳ накарда шишта буд (Ҳ. Карим, Окшуда).
ҲОЛИ МАКОН
Ҳоли макон аъзои пайрави ҷумла аст, ки ҷо, макон, ибтидову интиҳо, сӯи амалу ҳолат ва роҳи ҳаракатро ифода мекунад.
Мисол:
Дар пешгоҳи меҳмонхона болои ҳам 5 қабат кӯрпачаҳои серпахтаи баҳмалӣ андохта, дар чор ҷои он се қабатӣ болиштҳои пар гузошта буданд (С. Айний, Куллиёт). Нуралӣ аз афти кор духтаракро аз он ҳолати ногувор баровардагӣ шуда, зуд аз он ҷо дуртар рафт... Наҷмиддин хоҳиш кард, ки ӯро то ҳавлиашон бурда монад, ӯ рад накард (Р. Ҳалил, Шикасти тилисмот).
Ҳоли макон аз ҷиҳати вазифа ва маъно ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешавад:
I. Ҳоле, ки хусусияти хоси маконӣ дошта, танҳо ҷой ва макони воқеъ шудани амалу ҳолатро ифода мекунад:
Дар даруни молхона якчанд нафар... хобида буданд (С. Айний, Куллиёт). Дар миёнаи майдон мӯйсафедон аспҳои худро бозӣ доронда мегаштанд (Журн. «Садои Шарқ»). Аммо дар қишлоқи Лолазор шароит дигар шуд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
Ҳоле, ки хусусияти хоси маконӣ дорад, бо ҳиссаҳои зерини нутқ ифода меёбад: исм, ҷонишин, таркиб ва ибораҳои гуногун.
Бо исмҳо ифода ёфтани ҳоли макон. Ҳоли макон дар забони адабии ҳозираи тоҷик бештар бо исмҳо ва ибораҳои исмӣ ифода меёбад. Ба ин вазифа пеш аз ҳама исмҳое меоянд, ки мафҳуми маконӣ доранд. Мисол:
Дар Гулистон шаб мешуд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар мактаб Анварро аз дур дида монд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
Исмҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли макон асосан ба воситаи пешоянди «дар» меоянд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё