Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Исм ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли монандӣ бо пешоянд ва пасоянд меоянд. Ба ин вазифа пешояндҳои мисли, монандӣ, чун (чу), ҳамчун, мисоли, ба мисли, ба монандӣ истифода мешаванд:

Дасту пояш аз тарс чун шохчаи бед меларзид (А. Деҳотӣ, Куллиёт). ...чӯйро монандӣ даҳони худ фарох, монандӣ чашми худ чуқур, монандӣ риши худ ҳамвор, монандӣ бинии худ рост карда кофтааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Овози шилдир-шилдири чӯйчаҳое, ки обаш ҳамчун шиша соф буд, бо ҳур-ҳури насими пагоҳӣ омезиш ёфта ба гӯшҳо мерасид (А. Деҳотӣ, Куллиёт).

Мисоли гул шукуфта беваю бечорагон имрӯз,
Ҳаме ояд навои булбулон аз бӯстон имрӯз.

(А. Деҳотӣ, Куллиёт)

Сарам чун чарх мегардад,
Танам чун бед меларзад,
Дилам чун кӯра месӯзад
Дар ин шоми ғарибона.

(С. Айнӣ, Куллиёт)

Сифатҳои субстантиватсияшудаи пештара, ҳарвақта, ҳарсола бештар бо пешояндҳои монандӣ, мисли ба вазифаи ҳоли монандӣ истифода мешаванд:

Онҳо баъд аз якчанд рӯзи дамгирӣ монандӣ ҳарсола ба пеши хатиб дарс сар карданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо мисли аввала саволу ҷавоб мекарданд (П. Толис, Куллиёт). Дид, ки Ёдгор монандӣ пештара ба тарафи худаш сарсарӣ намебинад, балки диққат мекунад (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳусейн мисли ҳарвақта ором менамуд (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Ӯ мисли пешина маст шудан, оламу одамро фаромӯш кардан мехост (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ).

Исм ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли монандӣ бо пешояндҳои таркибии изофии ба мисли, ба монандӣ, ба дараҷаи, ба сифати меоянд:

Биё ту, духтари меҳнат, ба мисли аскари сурх!
Намо ҳимояи ин мулки ҳӯру кишвари сурх.

(А. Деҳотӣ, Куллиёт)

Рагҳои бозувон ва пушти дастони ӯ ... ба монандӣ симтӯри зангхӯрда тира метофтанд (С. Турсун, Камони Рустам). ...бинобар аҳднома ... ба сифати ғуломи харидуфурӯш кардан манъ карда шуда буд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Исм ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли монандӣ бо пасоянди барин меоянд:

пешина
аз 312
навбатӣ