Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
дар ҷумла нисбат ба дигар хели сифатҳо бештар ба вазифаи ҳоли дараҷа меоянд:
Ман ба ин кор сахт муқобил истодам (С. Айнӣ). Рамазон бобо ҳам тоза ба ҷон расонданд (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Рустам мактабашро нағз мешиносад (П. Толис, Куллиёт).
Ифодаи ҳоли дараҷа бо ҷонишин. Аз гурӯҳи ҷонишинҳои сифатӣ танҳо ҷонишини чунон, чӣ гуна ба вазифаи ҳоли дараҷа истифода мешаванд:
Ин духтар гуппиро чунон бошиддат ва тезӣ мезад, ки аз са-ру рӯяш арақ мерехт (С. Айнӣ, Дохунда). ...дилам гӯё аз қин бармечаст ва чунон бошиддат метапид... (Ф. Муҳаммадиев, Па-латаи кунчакӣ). ...ӯ, аз афти кор, фаҳмиданӣ буд, ки суханҳо-яш чӣ гуна таъсир мегузоранд.
Ифодаи ҳоли дараҷа бо воҳидҳои фразеологӣ. Воҳидҳои фразеологӣ дар ҷумла ба вазифаи ҳоли дараҷа хеле серистеъ-моланд. Ба воситаи воҳидҳои фразеологӣ фикр образнок ва маъно барҷастатар баён мешавад:
Аммо ба ивази ин дар редаксия кори вай боз як парда бо-ло шуд (С. Деҳотӣ, Куллиёт). Охир, мантиқан касеро бояд муаррифӣ кард, ки ақаллан як сару гардан аз ӯ баландтар бо-шад (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). ...ному лақабҳои ду-сеқабатаро ҳам бо иловаи унвони «мулло» як лой зиёдтар мекарданд (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Дар ин асно вай бемалол пашмаро шутур карда нишон медод (Ҳ. Карим, Окшуда).
ҲОЛИ МОНАНДӢ
Ҳоли монандӣ амалу ҳолат ва аломатро ба тарзи қиёс эзоҳ медиҳад. Ҳоли монандӣ бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ ҳам ба тар-зи ҳамроҳӣ ва ҳам ба воситаи пешоянду пасояндҳо ифода ме-шавад. Ба вазифаи ҳоли монандӣ зарф, исм, ҷонишин, феъли ҳол ва воҳидҳои фразеологӣ меояд. Зарф ба вазифаи ҳоли мо-нандӣ ба тарзи ҳамроҳӣ меояд:
Дар ҳамин лаҳза Аминов аз камингоҳаш палангвор ҷаста шинели худро ба болои немис мепартояд (С. Улуғзода, Куллиёт). ...магаҳ он дарё... бо тобиши нуқрагини худ дар байни дарахтон мавҷосо зебо нест? (П. Толис, Куллиёт). Аз он сӯрохӣ аз милаи як тӯпи танкзан ва ду пулемёти вазнин жоласон тир меборид (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ).
Шоирон дар ҳар забон тавсифи онҳо гуфтаанд,
Барфи рӯи қуллаҳошон нуқраосо гуфтаанд.
(А. Деҳотӣ, Куллиёт)
Ҳеҷ шунидӣ, ки рухи осмон,
Ҷилва кунад лаълсифат дар ҷаҳон.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё