Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Владимир ба рафтори ӯ зеҳн мемонд ва корашро номаълум аз назар гузаронда, дарун-дарун хурсанд мешуд (С. Турсун, Аз субҳ то шом). Ҳар замон ба латтаи машъалҳои гиронанда равған мерехтанд, ки бутун ҳам равшан мешуд (А. Деҳотӣ, Куллиёт).

Ба вазифаи ҳоли дараҷа зарфҳои таркибӣ камтар меоянд: Барои бандиёни нав ҷой холӣ кардан як дараҷа сакта овард (С. Айнӣ, Куллиёт). Сафар ба гапҳои Воҳидов як қадар бовар карда, даре парешонҳол хомӯш монд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ифодаи ҳоли дараҷа бо таркибҳою ибораҳои исмӣ. Исм дар вазифаи ҳоли дараҷа алоҳида намеояд, балки дар шакли таркибу ибора бо ҷонишинҳои чӣ, он, ин, ҳамин, ҳамон ва ҳар меояд:

Хусусан намуди зери манаҳи пургӯшти овезон аз таги риши кам ва кӯтоҳ он қадар зебо наменамуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Чашму абрӯ, лабу даҳан, рангу рӯи ин духтар чӣ қадар дилрабо бошад, мӯи сиёҳи диловезаш, ки аз баногӯшаш гузашта ба дӯшаш афтода буд, ҳамон қадар зебо менамуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳар қадар душворӣ кашӣ зарурати бартараф кардани он душворӣ ҳамон қадар зиёдтар мешавад (Ф. Муҳаммадиев, Палатай кунчакӣ).

Таркибҳои ҳазор дараҷа, ҳазор бор, сад карат, садҳо маротиба вобаста ба маънои умумии ҷумла ба вазифаи ҳоли дараҷа меоянд:

Маълум аст, ки ҷаҳонсӯзӣ, одамкушӣ ва маданиятхаробкунии Гитлер бо ин асбоб нисбат ба Чингиз ҳазор дараҷа болотар ва золимонатар аст (С. Айнӣ, Ахгари инқилоб). Ин дарси панҷшаба дар соҳаи матбуот ҷуръати маро садҳо маротиба боло бардошт (Ҳ. Карим, Оқшуда). ...ҳақ аст он ҷавонзан, сад карат ҳақ аст, ки ба кори ходимони савдо ва саноати гӯшту шир механдад (Ф. Муҳаммадиев, Палатай кунчакӣ). ...мурдан аз ин гуна зиндагонӣ ҳазор бор беҳтар аст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Исм, таркибҳо ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли дараҷа бо пешояндҳои ба ва то ба низ меоянд. Исмҳои дараҷа, қадр ва ҳад ба ин вазифа бо артикли -е, ғолибан дар таркиби сар-ҷумлаи ҷумлаи мураккаби тобеъ ҳамчун калимаи ҳамнисбат меоянд, дар дигар мавридҳо ин исмҳо муайянкунанда қабул мекунанд:

Муҳаббат, дар вуҷуди кас то ба андозае манзил гузинад, ки аз сӯзи фироқ азоби рӯҳии вай тадриҷан ба азияти ҷисмонӣ табдил ёбад (Ф. Муҳаммадиев, Палатай кунчакӣ). ...Дар наз-ди ин қувваи солиму тавоно ошӯбгарони маишатпараст ба да-раҷае ночиз, нотавон ва беқурбу қудрат буданд (А. Баҳорӣ, Бозгашт). Табиати мамлакати мо ба ҳадде зебо шудааст, ки кас аз тамошои он чашм канда наметавонад (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Адабиёт чизи озода, зебо ва нафис аст, бояд ки навиш-таш ҳам ба қадри имкон озода бошад (С. Улуғзода, Куллиёт).

Ифодаи ҳоли дараҷа бо сифат. Сифатҳои сахт, нағз, тоза

пешина
аз 312
навбатӣ