Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ин гурӯҳи ҳоли миқдор бо исм ва бо ибораҳои исмии изофӣ низ ифода мешаванд, вале онҳо ба ин вазифа ба воситаи пешояндҳо меоянд:
Аммо ба хаёлаш, миқдори онҳо ҳанӯз ба қадри кофӣ нест (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ). ...аввал пули Қориисматро тамоман медоданд, баъд аз он шикасти худро эълон карда ба қарзҳоҷони дигар ба қадри расамаашон медоданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). ...баъдтар табақҳои палав ҳам то нисфашон холӣ шуданд (А. Деҳотӣ, Куллиёт).
Ҳоле, ки миқдори предметро мефаҳмонад, бо а) зарф ва б) таркибу ибораҳои исмӣ ифода меёбад. Ин хели ҳоли миқдор тобиши муайянкунандагӣ дорад:
а) Дар ин ду соли охирӣ аз тарафи Нашриёти давлатии Тоҷикистон хеле китобҳои мактабӣ чоп шуда баромадааст (С. Айнӣ, Куллиёт) ... басе одамони саркашу нофармонро ба иродати худ тобеъ сохта, ба роҳи неку савоб ҳидоят карда тавонистааст (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ).
б) Як миқдор оби ин сарзамин тобеи бойҳо буд (Х. Карим, Окшуда). Дар мобайни як дақиқа чӣ қадарҳо одамон фарамода ва чӣ қадарҳо савор шуданд (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Наход ман ҳам баробари онҳо пахта чида натавонам (П. Толис, Куллиёт). ...ҳар чизе ки пазад, ба амакаш — Абдуллоҷоча аз вай як коса диҳад (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҳоли миқдори тобиши замонӣ дошта бо ибораҳои исмие, ки ҷузъҳояшон аз исмҳои ченаки вақт (дақиқа, соат, рӯз, ҳафта, моҳ, сол) ва шумора ташкил ёфтаанд, ифода меёбад.
Се-чор рӯзи аввал... тараққӣ-туруқи бардору зани вагонҳои боркаши мо касони аввалин бор ба ин гуна вагонҳо саворшударо чунон кӯфтаю шалпар кард... (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша...). Як моҳ пеш сипоҳиён, шӯришгарони Канпур бо сардории Нана-Соҳиби далер лашкари англисро торумор карданд (С. Улуғзода, Куллиёт). Шарифахола аз печка як хокпарто оташро гирифта ба хонааш оварду ба сандалии он андохта ягон ним соат нишаст (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).
Ҳоли миқдори масофа бо ибораҳои исмии андоза, ба монанди як қади одам, як қади найза, қади арғамчин, баробари қади одам ва бо ибораи исмие, ки аз шумораю исм ташкил ёфтааст, ифода меёбад:
Офтоб ҳам қади найза баланд шуда, нури худро ба олам паҳн кардааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар таҳти гунбаз сагонай ним қади одам баланд ва дарозе буд (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Се-чор қадам дуртар аз паҳлуи рости ҳавзача дар домани кӯҳ суфаи васеъ воқеъ буд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Якчанд метр дуртар аз ҷои нишасти мо мошини раис омада истод («Садои Шарқ»).
Ба вазифаи ҳоли миқдор ибораҳои фразеологӣ ҳам меоянд:
— Ана чиянам, — гуфт ӯ ба ман меҳрубонона нигоҳ карда,— дидӣ гиребонаш кам сесад сӯм пул кор кардай (П. Толис, То-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё