Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
се сол, як моҳ), ҷонишину исм, (чанд бор, якчанд маротиба) ташкил ёфтаанд, ҳам ба тарзи ҳамроҳӣ, ҳам бо алоқаи пешояндӣ ба вазифаи ҳоли тарз меоянд. Ҳолҳо, ки тобеи исм мебошанд, тобиши муайянкунандагӣ доранд:
Айнӣ шеърро бисёр медонад (С. Улуғзода, Куллиёт). ...ғайрат мекунем, сад баробар зиёд кор мекунем (Ҳ. Карим, Окшуда). ...ҷавони мусофир якчанд қадам дуртар истод (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин марҳамате буд, ки ба бисёр кам одамон муяссар мегардид (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҳоли миқдор вобаста ба калимаи тобеъкунанда маъноҳои зеринро мефаҳмонад: бардавомӣ ва такрори амал, миқдори предмет, миқдори замон ва миқдори масофа.
Ҳолҳо, ки бардавомӣ ва такрори амалро мефаҳмонанд, бо зарфу исм ифода шуда, асосан феъро шарҳ медиҳанд. Зарфҳои кам, бисёр, хеле, бештар, қадре бардавомӣ ва такрори амалро ба таври умумӣ нишон медиҳанд:
Ҷавон боз қадре хомӯш монд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳозирон аз ин ҳам як қаламӣ бардошта, бо эҳтиёт андаке хӯрда диданд (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Дар миёнаи харидорон дар қатори мардуми Бухоро, мардуми туманҳо ҳам хеле менамуданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Бисёр механдид ҳеҷ гоҳ ҷиддӣ сухан кардани ӯро кас намедид (Ч. Икромӣ, Шодӣ).
Ба вазифаи ҳоли миқдор, ки бардавомӣ ва такрори амалро мефаҳмонанд, як гурӯҳи махсуси ибораҳои исмӣ меоянд, ки калимаи асосии онҳо аз исмҳои бор, маротиба, карат, мартаба, дафъа, раҳ иборат мебошанд:
Қурбон давраи чилимро ба даҳон гирифта, онро қуррас занонда се-чор бор ҳарисона дам кашид (А. Деҳотӣ, Куллиёт). ...ба эҳтиромаш аз дувоздаҳ тӯп дувоздаҳ карат оташ кушо-данд (С. Улуғзода, Куллиёт). Ба шарафи ин ном боз як базми ҷамшедӣ меоростем ва ба ҳамин тариқ ду маротиба шифо ме-ёфтем (С. Улуғзода, Куллиёт). Ду ҳафта инҷониб ҳар рӯз то говгум даҳ, гоҳо ёздаҳ-дувоздаҳ раҳ ғалла кашонда, як поси шаб ба хона меравад (С. Турсун, Камони Рустам).
Дар ин гуна ҳолҳо миқдори амал бештар ба тарзи номуай-ян ифода мешавад. Дар таркиби ин гуна ибораҳои исмӣ шумо-раҳои сад ва ҳазор ба маънои конкретии худ намеоянд ва миқ-дорро ба таври умумӣ таъкид менамоянд: дар таркиби ибора-ҳои исмӣ ҷонишинҳои чанд, якчанд ва ягон оянд, номуайянӣ равшантар зоҳир мешавад:
Пас аз як лаҳзаи дигар ҳис мекард, ки на фақат сар, бал-ки ҳамаи узвҳояш баногоҳ сад маротиба, ҳазор маротиба га-ронтар гардидаанд (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ). Ҳо-зир аст, сад бори дигар иқрор кунад (Ф. Муҳаммадиев, Пала-таи кунчакӣ). Мошинҳои мо рӯзе чанд бор абри чангро ба ҳа-во бардошта, аз ин роҳ рафту омад мекарданд (П. Толис, Кул-лиёт). Ягон бор ягон планашро иҷро накарда буд (Ҳ. Карим, Окшуда).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё