Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ба Доҳунда, ки ҳамаи ин корҳоро ба назари таҳсин тамошо карда истода буд, гуфт (С. Айнӣ, Куллиёт). ...монанди дуздони роҳзан ба сурати пинҳонӣ аз нӯги по то мӯи пешонӣ ва аз сари нохун то буни дандон сар то по мусаллаҳ шуда гирифтаанд (С. Айнӣ, Ахгари инқилоб). Ин комёбӣ ба тавассути меҳнати пурсамари коргарони трести «Тоҷикхимстрой» ва ташкилотҳои бинокории пудратӣ ба даст омад («Тоҷикистони советӣ»). Дар зери чапакзаниҳои бисёру Доҳунда, Гулнор, Бобо Собир ва Фотимабегим ба саҳна баромаданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Воҳидҳои фразеологие, ки хусусияти зарфӣ пайдо кардаанд, дар ҷумла ба вазифаи ҳоли тарз меоянд:

Бо дили шод ва бо рӯҳи фараҳманд аз сари қатори ин парник дур мешуд (Ҳ. Карим, Окшуда). Давлат бо дили кабоб ба автобус савор шуд (Кӯҳзод, Қини Ҳумор).

Кор аз таҳти дил бикун, ки меҳнат ин аст,
Азбаски сафед асту кушода ҳама ҷо.
(А. Деҳотӣ, Куллиёт)

Ба ҳар республика, ин ҳам дуруст аст,
Ки ҳастед аз дилу ҷон ёрӯ ҳамдаст.
(М. Раҳимӣ, Сабоҳи сухан)

ҲОЛИ МИҚДОР ВА ДАРАҶА

Ҳоли миқдор ва дараҷа аз ҷиҳати маъно ба ҳам хеле наздиканд, ҳатто, зарфҳое ҳастанд, ки вобаста ба маънои ҷумла ҳам миқдор ва ҳам дараҷаро мефаҳмонанд. Зарфҳои бисёр, беҳад, хеле, бағоят, ниҳоят, андак, басе, кадаре, торафт, кам, бештар, чунон, он қадар, чӣ қадар, чӣ андоза, дучанд ва ғайра ба ҳамин гурӯҳ медароянд. Масалан, зарфи кам дар ҷумлаи якум миқдор, вале дар ҷумлаи дуюм дараҷаро мефаҳмонад: ...ин барин одами сахтдили мумсик дар дунё кам ёфт мешавад (С. Айнӣ, Куллиёт). ...ба мардум каме сабукиҳо бахшад (Ҷ. Икромӣ, Устоди ман). Аммо як гурӯҳ калимаву таркибҳое ҳастанд, ки дар ҷумла танҳо ба вазифаи ҳоли миқдор истифода мешаванд. Ин ҳолат имконият медиҳад, ки ҳоли миқдор ва дараҷаро алоҳида-алоҳида аз назар гузаронем.

ҲОЛИ МИҚДОР

Ҳоли миқдор андозаи муҳлати иҷро, бардавомӣ ва такрори амал, ҳамчунин миқдори предмет ва масофаю замонро мефаҳмонад.

Ҳоли миқдор дар ҷумла ба феъл, зарф, исм ва сифат тобеъ шуда меояд. Заминаи морфологии ҳоли миқдор, пеш аз
ҳама, зарфи миқдор аст. Ба ғайр аз ин ибораҳои исмӣ, ки
шумораю исм (се бор, дувоздаҳ карат, ёздаҳ-дувоздаҳ раҳ,

пешина
аз 312
навбатӣ