Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Қуллиёт). Халқи мо, таърихи адабиёти советии мо, таърихи маданияти нави мо барои ин хизмати содиқона аз онҳо беҳад миннатдор аст, номи онҳоро ҳамеша бо некӣ ёд мекунанд (Р. Ҳошим, Сухан...).

Исмҳои конкрету амал ба воситаи пешоянди бо ва ибораҳои исмӣ тарзи воситаи иҷрои амалро мефаҳмонад:

Мардум шабҳо бо дили ором сар ба болин мемонданд ва бо чеҳраи кушод субҳи дилкушоро истиқбол менамуданд (Х. Карим, Оқшуда). ...агар вай аз ин диёр наравад, маҷбур буд, ки бо лаби ташна ва шиками гушна бо зану фарзанди худ бандавор ба Яъқубҳой кор кунад (С. Айний, Қуллиёт). ...мушт барин санги ба қоғаз печонида, бо латта басташудаеро ба ӯ дод ва бо ҳамон вазъят ба ҷояш равон шуд (Х. Карим, Оқшуда).

Ба воситаи пешоянди ба исми маъно, процесс, гоҳо исми узви инсон ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли тарз меояд:

Ба ҷилави ҳар кадоми инҳо ду пиёда медавид, ки қариб инҳо аз печидани ҷомаҳои дарозашон ба пои худашон афтанд (С. Айний, Қуллиёт). Ҳамин мамлакатро падарони мо ҷонбозӣ ва ҷонсупорӣ карда ба баҳои хун, ба баҳои ҷони худ ҳимоят кардаанд (Х. Карим, Оқшуда). Рӯзгори Нормурод ба сахтию талхӣ мегузашт (А. Деҳотӣ, Қуллиёт).

Чун рӯд ба сад ғулғула бигзашт ҷавонӣ,
Чун радд ба сад валвала бигзашт ҷавонӣ.
(Лоиқ, Хоки Ватан)

Ҳоли тарзе, ки аз исму пешоянди бе ташкил меёбад, камистифода буда, ҳолати амалро мефаҳмонад:

Уқобе бе ҳаракат парвоз мекунад (П. Толис, Қуллиёт).
Агар сӯзане ба замин афтад, бе ҳеҷ душворӣ меёбад (А. Деҳотӣ, Қуллиёт). Ман дарёи Зарафшони яхбастаро замини шудгоршуда гумон карда, ба рӯи вай бе ибо асп рондаам (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Исмҳо ба вазифаи ҳоли тарз бо пешояндҳои ҷуфти аз... то (то ба) дар шакли устувор омада, тобиши ибтидою интиҳоро мефаҳмонанд. Агар таркиб маънои маҷозӣ надошта бошад, айнан як калима такрор мешавад (аз асар то асар, аз як ҳикоя то ба ҳикояи дигар).

...аз донишҳои зарурӣ мусаллаҳанд, малака ва маҳорати худро аз асар то асар, аз китоб то китоб такмил медиҳанд («Маданияти Тоҷикистон»). Ман аз рӯбарӯяш баромада, ӯро аз сар то по аз назар мегузаронам (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор). Саттор Турсун аз як ҳикоя то ба ҳикояи дигар пеш меравад («Комсомоли Тоҷикистон»).

Исм ва ибораҳои исмӣ, ки пешояндҳои таркибии изофии ба назари, ба сурати, ба воситаи, ба тавассути, ба дараҷаи, дар зери меоянд, тариқи иҷро, воситаи амал ва ҳолати хабарро шарҳ медиҳанд:

пешина
аз 312
навбатӣ