Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

чунон танг карданд, ки мо дар байн рост мондем (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Аспам небошад, модагов ва барзаговам ҳаст, бечорапарварӣ кунанд, бо маслиҳати шумо «ҷон гарав, ҷома гарав», як навъ карда хурсанд мекунам (С. Айнӣ, Куллиёт).
3. Бо сифат ифода ёфтани ҳоли тарз. Ба вазифаи ҳоли тарз сифатҳое меоянд, ки амал ва ё ҳолати амалу аломатро мефаҳмонанд:
Куҷост он чинорҳои азамат, ки сояшон чоряк гектар заминро сарду серун нигоҳ медоранд (Р. Ҷалил, Маъвои дил).
Як дам чӣ гуфтаашро надониста, ба Саркор сахт нигоҳ карда монд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Вай ҳамъёбро аз рӯи болишт гирифт ва иззати худро нигоҳ дошта ба султон сабук таъзим кард (С. Улуғзода, Куллиёт). Дар токчаи пешгоҳи хона чароғи сиёҳ хира месӯхт. Аммо Нурулло бархилофи чашмдошти давра Кулиро хеле нарм ба замин андохт (Р. Ҳодизода, Ситорае дар тирашаб).

  1. Бо ибораи исмӣ ифода ёфтани ҳоли тарз. Исм дар алоҳидагӣ ба вазифаи ҳоли тарз намеояд, вале ба ин вазифа ибораи исмӣ истифода мешавад:
    Дигарон паси ҳамдигар ба ақибнишинӣ шурӯъ карданд (Х. Карим, Оқшуда). Ситорагон паи ҳамдигар пинҳон мешуданд (Х. Карим, Оқшуда). ...дар охиртари базм ӯ ғоиб шуда мерафт ва дар вақти тамомияти базм як кӯзача дар даст боз ҳозир мешуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Собиров дари машинаро ку-․ шода, як пояш дар даруни машина, пои дигараш дар замин дасти росташро мушт карда боло бардошту хитоб намуд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

  2. Бо воҳидҳои фразеологӣ ифода шудани ҳоли тарз. Воҳидҳои фразеологӣ на танҳо ҳолати амали хабар, балки ҳолати тамоми ҷумларо мефаҳмонанд:
    Аз экран сари писараке намоён мешуд, ки ҳама тан гӯшу ҳуш гардида даҳонаш боз мондааст (Ф. Муҳаммадиев, Палатан кунҷакӣ). Лом нагуфта даҳани фарзандонашонро мепоиданд (Х. Карим, Оқшуда). Дар океани мусаффои осмон заврақчаи моҳ дилу бедилон шино мекард (С. Улуғзода, Навобод). Инобат ҳам дастонашро аз кафк тоза кард ва чашм бар замин дӯхта, ба гӯш кардан ҳозир шуд (П. Толис, Куллиёт).

Исм ва ибораҳои исмӣ ба вазифаи ҳоли тарз ба воситаи пешоянду пасорандҳо меоянд. Дар ин маврид пешояндҳои бо, ба, бе, дар, ба дараҷаи, ба воситаи, дар зери, дар ҳолати истифода мешаванд.
Бо пешоянди бо ба вазифаи ҳоли тарз исмҳои амал, ҳолат, маънӣ, шахс ва конкрет меоянд:
Автомашинай чанголуд... бо ғурриши баланд аз кӯчаи хеле сербару ноҳамвор дакка хӯрда-дакка хӯрда гузашта рафт (П. Толис, Куллиёт). Вай ба Саид, ки акнун ғайр аз салом ба ӯ чизе намегӯяд, бо табассуми дӯстона нигоҳ мекард (П. Толис,

пешина
аз 312
навбатӣ