Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

набуд (С. Улуғзода, Навобод). ...аз он ошҳо харида, дар худи ҳамон ҷо диккак нишаста мехӯрданд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). ...мехостам, ки бе гап рафта ба баногӯшашон як торсакӣ фурорам (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Ба вазифаи ҳоли тарз бо алоқаи ҳамроҳӣ зарф, таркибҳои зарфӣ, феъли ҳол, сифат, исм ва воҳидҳои фразеологии зарфӣ меоянд.

  1. Зарф ва таркибҳои зарфӣ дар вазифаи ҳоли тарз. Ин гуна ҳолҳо серистеъмол буда, чунин маъноҳоро мефаҳмонанд:

а) такрори амалро:

Синаи пурқуввати писар якзайл ва оромусона нафас мегирифт (П. Толис, Куллиёт). Аз ин гурӯҳ пайдарпай садои қоҳ-қоҳи ханда шунида шуд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Гоҳо аз шунидани суханони ӯ завқ карда бо тамоми баданаш пасу пеш меҷунбид (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар хомӯшии сахти хона занги соати деворӣ баланд-баланд садо дод (П. Толис, Куллиёт). Вакили мухтор... одамонашро ду-ду, чор-чор ба ҳавлиҳои мардум тақсим карда худ бо Алиризо дар хонае ҷойгир шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

б) давомнокии амалро:

Атрофро оҳиста-оҳиста пардаи тунуки торикӣ фаро мегирифт (С. Турсун, Камони Рустам). ...нури мулоим ва ширмонанди худро ба болои шаҳр бедареғ мепошод (Ҷ. Икромӣ, Зоғҳои бадмур). Бедонаҳо аз саҳари барвақт то нисфи шаб беист мехонданд (Б. Ортиқов, Гули садбарг).

в) ногоҳ ва якбора иҷро шудани амалро:

Ҳар вақт ногоҳон ба ёдаш меояду дилашро панҷаи ноаёне фишор дода, табъаш хира мегардад (С. Турсун, Камони Рустам). Аммо якуякбора, нохост Рухсораро ба кадом як муллои қаршигӣ фотеҳа кардаанд (Р. Ҳодизода, Ситорае дар тирашаб). Рӯзе як кабӯтар (кафтар)-и ёбоӣ нохост парвоз карда омада ба ҳуҷрааш даромада мондааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Бо феъли ҳол ифода ёфтани ҳоли тарз. Феъли ҳол дар ин вазифа тариқи иҷро ва ҳолати амалро нишон медиҳад, вай дар ду шакл: содда ва таркибӣ воқеъ мегардад:

а) дар шакли содда:

Суханҳои мӯйсафедро шунида, кампир тоқат наоварду пеши оби дидаро раҳо кард ва ҳунгосзанон гирист (Ҷ. Икромӣ, Зоғмои бадмур). Абуалӣ ва Ҷузҷонӣ харро етаккунон бо ин роҳ равонанд (С. Улуғзода, Куллиёт). Онҳо ба ҳамин тарз гуфтугӯкунон ба истгоҳи автобус расиданд (П. Толис, Куллиёт). Ҳамъёзакашон ҷомаашро ба кифтам гирифтаму ба кӯча баромадам (Ҳ. Карим, Окшуда).

б) дар шакли таркибӣ:

Ҳар се гарданҳоро хорон-хорон бо алам аз бозор баромада рафтем (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Аз дур, аз қабати тумани ширгуни саҳарӣ шаддаи чароғҳои база мил-милкунон намоидор гашт (П. Толис, Куллиёт). Рафта-рафта тамошобинон доираи саҳнаро

пешина
аз 312
навбатӣ