Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
амал. Ҳоли тарзи гурӯҳи якумро ба хелҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:
- Ҳоли тарзи амали хосса, ки чӣ тарз иҷро шудани амалро мефаҳмонад:
Ҳар ду ...бехаёлона дар ҳаққи вай дуо карда дастҳоро бар рӯ кашиданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Маҳбуба аввал чашми чап, баъд чашми ростро кушода, хоболудона ба модараш нигарист (П. Толис, Куллиёт). Фирӯза бо овози паст, бо ҳаяҷон, вале аз дилу ҷон сухан мегуфт (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
- Ҳоли тарзи ҳолат, ки дар чӣ ҳолат, дар чӣ гуна вазъият будани субъекти ҷумларо нишон медиҳад:
Қорӣ ба дарахте такя карда саридупо нишаст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). ...ба зери девори ҷомеи Поянда пушт ба девор ва рӯ ба шимол менишастанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо каланд дар китф оҳиста-оҳиста меомаданд (С. Улуғзода, Навобод). Қорӣишкамба, вақте ки ба Галаосиё расида ба ноибхона даромад, ноибро дар рӯи ҳавлӣ савори асп дид (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
- Ҳоли тарзи воситаи иҷро, ки дар иҷрои амали онҳо предметҳои гуногун иштирок мекунанд:
Ӯ ҳар пагоҳ аз он ҷо аспсавор ба шаҳр омада, бегоҳӣ ба деҳааш бармегашт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вай газетаро бо лабҷунбонии беовоз мехонд (П. Толис, Куллиёт). ...Ҳамин вақт аз ошхона Шарофат-хола баромада омад ва нӯки дастонашро ба лаби остини дарози куртааш печонда, дудаста бо Аскаров вохӯрдӣ кард (С. Турсун, Қамони Рустам). Мо ҳамроҳи Саркор аспакӣ аз қафоятон расида меравем (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Баъзеи ин ҳолҳо дорои тобиши макон ва пуркунанда мебошанд: Полвонкачал ба гапи ӯ эътиборе надода, тӯрро кушод ва бедонаи чегиеро, ки ба назараш оби кӯҳна хӯрда бетоб шуда буд, гирифта аз даҳони худ аш об дод (П. Толис, Куллиёт).
Ҳоли тарзи гурӯҳи дуюм аломати амалро мефаҳмонад. Ин гуна ҳолҳо сифати амалро шарҳ медиҳанд:
— Ҳа, магар хоки ҳукумати бобот буд,— гӯён яке аз ҳамроҳонаш хандида густоҳона ҷавоб медиҳад (А. Деҳотӣ, Куллиёт). ...баъд аз як сонияи дигар тамоми масҷид ва мадрасаҳои Бухоро баробар ба фарёд омаданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ин мактаб ба дасти ӯ қалам дода шуд, ки ... ӯ то охири умраш дар ин роҳ босадоқат ва ҷонсипорона хизмат кард (Р. Ҳошим, Сухан...) Ба ман ҳам, ки як бачаи хурдсол будам, ба назари ҷиддӣ нигоҳ мекард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ҳоли тарз дар ҷумла асосан барои шарҳи хабари ҷумла, ки онро аз мисолҳои боло дидем, инчунин барои шарҳи масдар ва феъли ҳол (дар шакли карда) меояд:
Даруни хона аз пасу пеш, рӯ ба рӯ, пушт ба пушт, зону ба
зону, кифт ба кифт нишастани занон мазрақаҳои маддоҳии замони пеш ё дарсхонаҳои кӯҳнаи Бухороро ба ёд меовард (С. Айнӣ, Куллиёт). Духтари ба қад расидаро якка фиристодан нағз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё