Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба хубӣ мегузашт... (С. Айнӣ, Куллиёт). Аспи саманд арӯс барин оро дода шуда буд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Чун депутат, чун вакили халқи худ
Ман ба Маскав шоду хандон меравам,
Бо умеду орзуҳои бузург
Аз диёри Тоҷикистон меравам.

(М. Турсунзода)

Ба вазифаи ҳол дар ҷумла масдар ва ибораҳои масдарӣ низ меоянд: Давчаҳои зардолу, олуболу, себ ва шафтолу барин дарахтони мевадор ҳам бо баромадан аз гул беморак шудан гирифтанд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ибораҳои устувор низ ҳол шуда меоянд: — Мо аз ҳамин қадар роҳ хароҷот ва ташвиш кашида омада магар ду даст дар бинӣ холӣ бармегардем (С. Айнӣ, Куллиёт). — Не,— гуфт Сафар ба дарди яра дандон ба дандон монда тоқаткунон, — аз банди по камтар гӯшташро чок кардааст (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Нархи сабзиву пиёзро напурсида буду шуди чигитро тар карда монед, ман чӣ кор кунам? (А. Сидқӣ, Ҷӯраи деринаи ман). Аксари онҳо сиву ду рағу паяшонро як карда, ба мисли паррандаи посӯхта ба чор сӯ метозанд, ба одамон дӯғу пӯписа мекунанд, айби маро меҷӯянд, аммо масъала, ки ба муҳокимаи халқ расид, тирашон хок хӯрда, тарбузашон аз бағалашон меафтад (А. Сидқӣ, Ҷӯраи деринаи ман). Вазифаи худро дилу бедилон, гӯё ки маҷбуран анҷом медод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

ТАСНИФОТИ ҲОЛ

Ҳол чӣ тарз, дар куҷо, кай ва дар кадом шароиту вазъият, бо кадом далелу асос ба вуҷуд омадани амал, аломат ва ҳолатро ифода менамояд.
Ҳол аз рӯи маъно ва тарзу воситаҳои ба амалу аломат ва ҳолат вобаста шуданаш чунин тасниф карда мешавад: ҳоли тарз, монандӣ, миқдор, дараҷа, замон, макон, сабаб, мақсад, шарт ва хилоф.

ҲОЛИ ТАРЗ

Ҳоли тарз аломати амал ва тарзи иҷрои амалу ҳолатро мефаҳмонад. Ҳоли тарз ба калимаи эзоҳшаванда ба тарзи ҳамроҳӣ ва ба воситаи пешоянду пасоянд алоқаманд мешавад. Ҳоли тарз бо зарф, феъли ҳол, сифат, исм (таркибҳои исмӣ, пешоянду исм, ибораҳои исмӣ) ва воҳидҳои фразеологӣ ифода мешавад. Аз инҳо зарф ва сифат танҳо бо алоқаи ҳамроҳӣ пайваст мегарданд.
Ҳоли тарз ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: тарзи амал ва аломати

пешина
аз 312
навбатӣ