Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Шуд душманат зери забар,
Озод гаштӣ аз хатар.
(М. Турсунзода)

Бинвис хате барои моён,
Аз боду ҳавои Тоҷикистон.
(Б. Раҳимзода)

Даме ки бехабар аз ҳастиву замон будам,
Ҳавои тифлӣ ба сар фориғ аз ҷаҳон будам.
(Б. Раҳимзода)

ҲОЛ

Он аъзои пайрави ҷумла, ки тарзи иҷрои амал, замон, макон, сабаб, шарту хилофи кору ҳаракат, ҳолат ва ё аломатро ифода мекунад, ҳол номида мешавад.

Дар ҷумла зарф, сифат, исм, ҷонишин, сифати феълӣ, феъли ҳол, масдар, калимаҳои тасвирӣ ва ибораҳои гуногун ба вазифаи ҳол омада метавонанд.

Вазифаи синтаксисии зарф дар ҷумла асосан ҳол мебошад. Мисолҳо: Ҳозир мо аз шумоён ҳарфҳои зинда сохта номи Ленинро менависем... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Лекин танк якбора ба қафо гашту аз дами тир худро кашид (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан). Тирандозӣ якзайл беист давом мекард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). ...Ҳалим онро кай ва дар куҷо аз ман талаб хоҳад кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Дари ҳикмат кушода саъдиёна,
Сухан мегуфт ҳар кас шоирона.
(М. Турсунзода)

Феъли ҳол низ дар ҷумла ба вазифаи ҳол меояд. Мисолҳо: Ман тарсидаву ларзида пой мемонам (Садои Шарқ). Генерал рост истода ба гап давом кард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Мо ба рафиқамон қоил ва аз кори ӯ мот шуда нигоҳ карда меистодем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҳамон ганҷинаҳои санъаташро,
Дуру дурдонаҳои меҳнаташро
Ба дил ҷо карда, бо дандон газида,
Нигоҳбон шуд ба мисли нури дида.
(М. Турсунзода)

Исм ба вазифаи ҳол асосан бо пешоянду пасоянд меояд. Чунончи: Дар қаровулхона зиндагонии Иван

пешина
аз 312
навбатӣ