Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

рафта нишаст (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ҳамаи ҳозиронро аз ин таклифи раиси колхоз огоҳонид (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

в) Баъд аз хабар: Вазифаи ҳаллоҷӣ ҷудо кардани пахта аст аз пунбадона (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Вазифаи асосии оқсаққоли машкобон мудофиа кардани ҳуқуқи машкобон буд нисбат ба обхӯрон (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳар ду тарафи кӯчаи калон пур аз одам (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Рӯи ҳавлӣ пур аз мардон, хонаҳо пур аз занон ва духтарон, бомҳо пур аз бачагон (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Гирду пеши тарозу пур аз марду занҳои колхозӣ (С. Улуғзода, Навобод).

Баъд аз хабар ҷой гирифтани пуркунандаи бавосита дар нутки диалогӣ боз ҳам бештар вомехӯрад: Як кас пуштак истад, аз ҳама пеш ман бароям, зеро ман ҳама ҷои ин ҳавлиро медонам, — гуфт Сафар Ғулом ба командир (С. Айнӣ, Ғуломон). — Магар Ғулом Ҳайдар аз ғуломон аст? — гуфта пурсид як муллои дигар аз он шахси номаълум (С. Айнӣ, Ғуломон). Акнун раветон, нағзакак дам гиретон, — гуфт Ҳошим Қорпон ба тракторчиён (С. Улуғзода, Навобод). Қисми ин корҳоро худи ҳамин сол кардан даркор аст, — эътироз намуд Пӯлод ба гуфтаҳои Раҷаб (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

г) Дар мобайни ҷузъҳои хабар: Хона аз пешгоҳ то пойгаҳ пур аз зан буд (С. Айнӣ, Дохунда). Кӯча ва тангкӯчаҳо пур аз одам буданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Роҳ пур аз аспу хару ароба, фойтун ва пиёда буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Чойхона пур аз чойхӯрон буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Дар назм ҷои пуркунандаи бавосита, мисли аъзоҳои дигари ҷумла, озод аст. Вай мувофиқи қонунияти шеър дар ҳар ҷои ҷумла омада метавонад:

Аз ҳамон Рахши паҳлавон Рустам
Охирин нусхаву нишона бувад.

(М. Турсунзода)

Аз омадат падарҷон
Ба мо хабар мегӯяд.

(М. Аминзода)

Шуда колхозу ободем акнун
Зи дарду ғусса озодем акнун.

(М. Миршакар)

Шунидам аз падар ин достонро,
Падар бишнида аз бобош онро.

(М. Миршакар)

пешина
аз 312
навбатӣ