Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шодӣ). Дар ҳамон вақт ҳам он заминҳоро касе ба ҷое бардошта намебарад, балки онҳо ба ятимҳо, ғуломҳо, чорьяккорҳо ва дигарҳо, ки дар даруни он заминҳо гушнаву ташна кор карда гаштаанд, тақсим карда мешаванд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар бозгашт муаллим ба мо мегуфт, ки ин хел ҷоҳилон ба худашон, ба фарзандашон ва ба ҷамъият зарари калон мерасонанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

ҶОИ ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТА ДАР ҶУМЛА

Пуркунандаи бавосита дар ҷумла асосан баъд аз мубтадо ва пеш аз хабар ҷой мегирад. Агар ҷумла пуркунандаи бевосита ва ҳам бавосита дошта бошад, пуркунандаи бевосита (махсусан суратнаёфта) ба хабари ҷумла наздиктар меояд. Дар ин маврид ҷои пуркунандаи бавосита озодтар аст, вай аз хабари ҷумла дуртар рафта метавонад: Шариф аз Шодӣ номи якчанд касро навишта гирифту ба дафтараш баъзе қайдҳо кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ин баҳор фардо ба халқи меҳнатдӯсти мо бештар аз ҳозираш меваҳои лазиз хоҳад дод (А. Деҳотӣ, Асарҳои мунтахаб). Янгаам аз онҳо ба ҳар кадоми мо, бачагон, яктоӣ кулча дод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Бюро ба муҳокимаи ин масъала соати даҳи шаб сар кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Боровиков ба вай ҳеҷ вақте монанди ҳозира одами нағз, оқил ва доно нанамуда буд (С. Улуғзода, Навобод). Ман аз Шумо инро умед надоштам (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Падарам ба амакам ва писарони ӯ воқеаро ҳикоя кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аловуддин ба оянда як пиёла чой дода гап сар кард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ғайр аз ин, дар бисёр мавридҳо дигаршавии ин гуна қоидаи умумӣ ҳам рӯй медиҳад, ки дар он сурат пуркунандаи бавоситаро дар аввали ҷумла, пеш аз мубтадо ва ҳатто баъд аз хабар ҳам дучор менамоем. Ин ҳодиса ба ҷиҳатҳои услубӣ, ба задаи мантиқӣ вобаста аст:

а) Пеш аз мубтадо: Ба бобоям таклиф мақбул афтодааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз падар як дегчаи мадрасагӣ ва як хумчаи равған монда буд, ки ӯ инҳоро дар вақти дар мадраса буданаш харида кор фармуда будааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Бо ҳамроҳии ӯ се писараш, се қаҳрамонаш, се диловараш мераванд (Ҷ. Икромӣ, Муҳаббат). Имрӯз ба сабақи ман худи мактабдор мутасаддӣ шуда, маро ба рӯ ба рӯи худ шинонид (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Акнун аз босмачиён ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки наздиктар ояд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

б) Баъд аз пуркунандаи бевосита ва пеш аз
х а б а р: Ман аэроплан диданамро ба Паша ҳикоя кардам
(С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Падарам маро ҳам ҳамроҳи
худ гирифт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Маъруф тамоми диққати худро ба газетахонӣ дода буд (Толис, Ҳикояҳо). Ҳамида чашмони
гиряолудашро бо остинаш пок карда, лангон-лангон ба ҷояш

пешина
аз 312
навбатӣ