Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
онро мефаҳмонанд: Ман хондам. Мо хондем. Шумо муаллимед. Гул сурх аст. Гулҳо сурханд.
Дар хабарҳои феълӣ иштироки бандакҳои феълӣ ҳатмист, вале дар хабарҳои номӣ наомадани бандакҳои хабарӣ мумкин аст. Масалан, аз ҷумлаҳои Ман омадам ва Ту омадӣ бандакҳои феълиро истисно кардан мумкин нест, вале ҷумлаҳои Ман коргарам. Ӯ коргар аст. Шумо коргаред бе бандакҳои хабарӣ низ меоянд: Ман — коргар. Ӯ — коргар. Шумо — коргар. Дар ин мавриди мавқеи интонатсияи хабарӣ калон аст, вай дар ташкили ҷумла роҳи асосӣ мебозад. Аз ҳамин ҷиҳат алоқаи мувофиқат дар ифодаи муносибати синтаксисии мубтадову хабар бо мувофиқати шакли хабар бо мубтадо маҳдуд намешавад, бандакҳои хабарӣ бо интонатсияи хабарӣ якҷоя дар ташкили ҷумла иштирок менамоянд.
Дар мувофиқати хабар бо мубтадо қоидаи зерин мавҷуд аст.
-
Хабар дар шахс ҳамеша бо мубтадо мувофиқат мекунад. Агар мубтадо шахси якумро далолат кунад, хабар низ шахси якумро, мубтадо шахси сеюмро фаҳмонад, хабар ҳам шахси сеюмро мефаҳмонанд: Ман дидам. Ӯ муаллим аст.
-
Хабар бо мубтадоҳои ифодакунандаи шахсҳои якуму дуюми танҳову ҷамъ ва шахси сеюми танҳо аз ҷиҳати шумора ҳам ҳамеша мувофиқат мекунад: Ман дигар тоқат карда наметавонам. Мо имсол аз ҳар гектар 50 центнерӣ ҳосил гирифтем. Ту ҳамаро мешиносӣ. Шумо занони хушиқболед. Китоб сарчашмаи дониш аст.
Агар мубтадои шахси сеюми танҳо бо исми шахс ифода шуда бошад, гоҳо хабар дар шакли ҷамъ меояд ва муносибати эҳтиромро мефаҳмонад: Устод фармуданд. Падарам ҳамин тавр насиҳат карда буданд. Муаллим Мирзо Турсунзода дар оғози нутқи худ дар маҷлиси ботантанаи расмӣ кушоди Рӯзҳо ба аҳли зал ва тамошобинони телевизион муроҷиаткунон аз ҷумла гуфтанд (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
-
Бо шахси сеюми ҷамъ мувофиқати хабар як хел нест. Агар мубтадо бо исми шахс ифода шуда бошад, хабар бо мубтадо пурра мувофиқат мекунад: Духтарон ба пахтачинӣ баромаданд. Агар мубтадо бо исми ғайришахс ифода шуда бошад, хабар ҳам дар шакли ҷамъ ва ҳам дар шакли танҳо меояд: Баргҳои дарахтон рехт (С. Айнӣ, Куллиёт). Пахтаҳо саросар шукуфтаанд. Ин гапҳо ҳоло дар ҳамин ҷо мемонанд (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
-
Мувофиқати хабар ба мубтадоҳои чида мувофиқи қоидаи зерин воқеъ мегардад:
- Агар яке аз мубтадоҳои чида шахси якумро фаҳмонад, агарчи мубтадоҳои чидаи дигар шахси дуюму сеюмро фаҳмонанд ҳам, хабар дар шакли ҷамъ омада, шахси якумро далолат мекунад: Ману ту дар ин хусус аҳду паймон доштем (Р. Ҳалил, Маъвои дил). Ману шоира Озод Аминова вазифаи намояндагиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё