Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ки..., ба шарте розӣ мешавам, ки... ва ғ.; 4) дар аввалу охири ҷумлаи пайрав омадани пайвандаки тобеъкунанда: агарчи... ҳам, агар... ҳам ва то... ки; 5) дар синтаксиси ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ба замми пайвандакҳои тобеъкунанда истифода шудани дигар воситаҳои грамматикӣ мумкин аст. Чунончи, дар аввали ҷузъи дуюми ҷумлаи мураккаб омадани пайвандакҳои пайвасткунанда: гарчи... аммо; ҳарчанд... вале; 6) дар аввали ҳиссаи якум пайвандак, вале дар аввали ҳиссаи дуюм омадани калимаҳои дигар: агар... он гоҳ, агар... пас ва ғ.

ВОСИТАҲОИ ГРАММАТИКИИ АЛОҚА ДАР ИБОРА ВА ҶУМЛА

Ибора ва ҷумла воҳидҳои асосии синтаксис ба шумор мераванд, аммо воситаҳои грамматикии алоқаи онҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Алоқаи калимаҳо дар ибора ба табиати луғавию семантикӣ ва грамматикии калимаи асосии он марбут буда, онро алоқаи наздикалимагӣ меноманд. Аз ҳамин ҷиҳат алоқаи ибора ва воситаҳои он вобаста ба қобилияти калиматобеъкунии ҳиссаҳои мустақили нутқ омӯхта мешавад. Дар ибора калимаҳо бо алоқаи тобеъ меоянд. Аммо дар ҷумла ҳам алоқаи тобеъ ва ҳам алоқаи пайваст вуҷуд дорад. Дар забон воситаҳои гуногуни грамматикии алоқа мавҷуданд.

Бандакҳо. Дар алоқаи калимаҳо дар ибора ва ҷумла бандакҳои изофӣ, феълию хабарӣ истифода мешаванд.

Бандакҳои феълӣ ва хабарӣ. Дар забоншиносии тоҷик муносибати маъноӣ ва грамматикии мубтадою хабарро алоқаи мувофиқат меноманд, ки ба воситаи бандакҳои феълию хабарӣ ифода меёбад. Хабар бо мубтадо дар шахсу шумора мувофиқат мекунад, ки нишондиҳандаи грамматикии он алоқа ҳамин бандакҳост: Ман омадам. Ӯ омад. Шумо омадед. Ту коргарӣ. Мо коргарем. Онҳо коргаранд.

Хабарҳои феълие, ки аз асоси замони ҳозираи феъл сохта шудаанд, бо бандакҳои -ам, (-ям), -й, -ад (-яд) ва -ем, -ед (-етон), -анд (-янд), хабарҳои феълие, ки аз асоси замони гузашта сохта шудаанд, бо бандакҳои -ам, -й (шахси сеюми танҳо ба асоси замони гузашта баробар аст) ва -ем, -ед (-етон), -анд ва хабарҳое, ки бо шакли нақлии феъл ва ҳиссаҳои номии нутқ ифода мешаванд, бо бандакҳои хабарӣ меоянд. Бандакҳои хабарӣ аз бандакҳои феълӣ танҳо дар шахси сеюми танҳо фарқ мекунад. Шакли феълии шахси сеюми танҳо ба асоси замони гузашта баробар буда, бандаки хабарии он аст мебошад.

Сиғаи амрӣ танҳо ба шахси дуюми танҳою ҷамъ далолат мекунад: Ту рав. Шумо равед. Ҳамаи сиғаҳои дигар дорои се шахсу ду шумораанд.

Бандакҳо соҳиби амалу ҳолат ва шумораи танҳою ҷамъи

пешина
аз 312
навбатӣ