Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ба қадри тавон ба адо кардан мекӯшидем (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ман, ту ва муаллима пагоҳ ба назди ӯ меравем («Машъал»).
-
Агар мубтадоҳои чида шахси дуюму сеюмро ифода намоянд, хабар дар шакли шахси дуюми ҷамъ воқеъ мегардад: Туву бародарат ҳамроҳ равед («Машъал»).
-
Агар мубтадоҳои чида шахси сеюмро ифода намоянд, хабар ба онҳо дар шахс мувофиқат мекунад, вале дар шумора чунин ҳолат ба назар мерасад:
а) бо мубтадоҳои чидаи бо исми шахс ифодашуда дар шакли ҷамъ меояд: Падару модараш дар хона набуданд («Машъал»);
б) бо мубтадоҳои чидае, ки бо исми ғайришахс ифода шудаанд, хабар ҳам дар шакли ҷамъ ва ҳам дар шакли танҳо воқеъ мегардад: Ба назар кӯҳу пушта, дараву тангно даҳшатнок менамоянд (Саттор Турсун, Сукути қуллаҳо). Карнаю сурнай, дойраву думбаки истиқболгирандагон, доду фарёди шодиомези атрофиён чунон баланд буд... (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ин бачаро ғурури ҷавонӣ, хумори шуҳрат ва навпаҳлавонӣ саргаранг кардааст (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Хабар дар тарзи пассиви ифода бештар дар шакли танҳо меояд: Пагоҳии рӯзи дигар аввал ба пояи ҳайкали В. И. Ленин гулдаста ва гулчанбарҳо гузошта шуд (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Клуб, китобхона, бинои идора, шипангҳои мудаввари кунгуракорӣ, чойхонаи пурнақшунигор — ҳамааш бо меҳру муҳаббат оро дода шудааст (Ф. Муҳаммадиев).
Бандаки изофӣ (-и). Алоқаи изофӣ хоси ибораҳои исмӣ мебошад. Бандаки изофӣ (-и) ҳамеша бо калимаи асосии ибора омада, дигар калимаҳоро ба он тобеъ менамояд: гули сурх, дили модар, синфи якум, падари ӯ, шаби омадан, меҳмони нохонда.
Ба вазифаи калимаи асосии ибораҳои изофӣ исм, ҳамчунин ҷонишин ва калимаҳои исмшуда ва ба вазифаи калимаи тобеъ сифат, исм, ҷонишин, шумора, масдар, сифати феълӣ меояд: боғи дилоро, боғи колхоз, модари мо, мани мискин, хондани донишҷӯ, рӯзи рафтан, сеи онҳо, ошёнаи сеюм, ҷои нишаст, гулҳои шукуфта.
Муносибати асосии ибораҳои изофӣ муайянкунандагӣ буда, вобаста ба маънои луғавию грамматикии калимаҳои асосию тобеъ тобишҳои объектӣ, субъектӣ ва ҳолӣ низ ифода мешавад: иҷрои супориш, таърифи шумо, хониши булбул, сафари Ҳиндустон.
Ба воситаи бандаки изофӣ ибораҳои тафсилӣ низ ташкил меёбанд: духтари соҳибҷамол — духтари соҳибҷамоли сарвқад, ошёнаи сеюми бинои мактаби мо.
Калимаҳои ёридиҳанда. Дар алоқаи аъзоҳои ҷумла пешоянду пасояндҳо ва пайвандакҳо воситаҳои муҳим ба шумор мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё