Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

судхӯр). Сар медиҳаду сир намедиҳад (Зарбулмасал). Аҳмад дарс хонд ва дарс гуфт (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Меҳрмоҳ чароғ ги-ронд (С. Айнӣ, Дохунда). Инҳо ҳам ба ҳар тараф асп медаво-нанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта баъзан бо пурсишчони-шини «чӣ» низ ифода ёфта метавонад: Кӣ чӣ мегӯяд, фаҳмидан мушкил буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Нигори нозанин, дар ман чӣ дидӣ
Ки дил додию дил аз ман харидӣ?

(М. Турсунзода)

БО ИБОРАҲОИ ГУНОГУН ИФОДА ШУДАНИ
ПУРКУНАНДАИ БЕВОСИТАИ СУРАТЁФТА

Яке аз хусусиятҳои забони адабии тоҷик алоқаи зичи кали-маҳо дар дохили ибораҳои гуногун аст, ки одатан ин ибораҳо монандӣ як калима ҳамчун аъзои ҷумла бо ёрии воситаҳои грамматикӣ сурат ёфта, дар ҷумла ба вазифаи аъзои тафсилии он меоянд. Аз ин рӯ, пуркунандаи бевоситаи тафсилӣ ба воси-таи ибораҳои изофӣ, беизофӣ, масдарӣ, сифати феълӣ ва баъзе ибораҳои махсус ифода мегардад. Ҳамаи ин ибораҳо қатъи на-зар аз таркиби худ ҳамчун як аъзои ҷумла бо пасоянди «-ро» сурат ёфта, як гурӯҳи синтаксисиро ташкил медиҳанд.

а) Дар забони адабии тоҷик ибораи изофӣ шакли тараққӣ-кардаи ибораҳо ба шумор меравад. Ин ибораҳо аз муайяншавандаю муайянкунанда иборат буда, ба вазифаи пуркунандаи бевосита оянд, бо пасоянди -ро сурат меёбанд: ... ҳеҷ набошад пули масолеҳашро диҳед (С. Айнӣ, Марги судхӯр). ... дар байни бригада ва звеноҳо кори мусобиқаро ба роҳ монда истодаам (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). ...гулкашиҳои маҳтобро зуд-зуд ба шаклҳои гуногун табдил медод (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Давоми ахборотро хонд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Кори имрӯзаро ба фардо магузор (Зарбулмасал). Одамони миршаб дар бом нақши пои се касро ёфтанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). ...пули қанду конфету оби дандонро дода равед (С. Айнӣ, Марги судхӯр). ...насим шоҳҳои пур аз гули марворидмонанди дарахтонро оҳиста-оҳиста меҷунбонд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

б) Ибораҳои беизофӣ низ ба вазифаи пуркунандаи бевоситаи суратёфта меоянд. Ин гуна ибораҳо бештар аз исму ҷонишинҳои гуногун ва шумораҳо таркиб меёбанд: Даррав ин фикрро ба амал овардам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Аммо ҳамин гапро ба ҳеҷ кас маъқул карда натавонистам (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ӯ ин гуна номро аз ин пеш нашунида буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Як-ду кафгир ошро барои ошхонадор дар дег мондам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Бо трактор дар як рӯз ҳафт-

118

пешина
аз 312
навбатӣ