Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳашт таноб заминро чаппаву роста кардан мумкин буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ғанӣ як тӯда бачагонро ҳамроҳи худ овард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ман ду-се нафар рафиқонамро ном бурдам... (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Баъзан дар таркиби ибораҳо муайяншаванда ҳам ба воситаи бандаки изофӣ ва ҳам бе ёрии он ба худ муайянкунанда қабул карда, ибораи омехтаро ташкил мекунад. Ин гуна ибораҳо низ ба вазифаи пуркунандаи бевоситаи суратёфта омада метавонанд.

Сафар ин саҳифаҳои ҳаёти худро дар фикраш як-як варақ мезад (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Тамоми рота ҳеҷ як амалиёти душманро аз диққати худ берун намегузоштанд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Аммо қаҷии чашмаш ин ҳама ҳусни қиёфаи ӯро барбод медод (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ба Раҳими қанд ду танга музди хизматашро супурданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

в) Ибораи масдарӣ ҳам дар ҷумла чун аъзои тафсилии ҷумла ба вазифаи пуркунандаи бевоситаи суратёфта омада метавонад. Масдар, чунон ки маълум аст, ҳам хусусияти исмӣ ва ҳам хусусияти феълӣ дорад. Аз ин сабаб, вай метавонад ҳамчун исм пуркунанда шуда ояд ва ҳамчун феъл ба худ калимаҳои гуногунро тобеъ гардонад. Бинобар ин дар дохили ибораи масдарӣ хол ва пуркунандаҳои гуногун низ меоянд:

Ҳар ду гапзанон ба назди ҳавлии Зебӣ омада мондани худро надониста монданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Акнун зуд-зуд дидани ҷавонро мехост (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Юнус-ақо ба якшавӣ ошкоро муқобил баромаданро муносиб надида, бештарини вақт дам менишаст (С. Улуғзода, Навобод). Акнун бояд ҳикмати оташро дар сандалӣ бо хокандоз ниҳоданамро фаҳмида бошед (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Пуркунандаҳои бевоситаи суратёфта чида шуда меоянд.
Гӯшту сабзӣ ва пиёзро ҳам аз бозор худаш харида медод (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Монанди музикачиёни он замон ҳазлу шӯхӣ, ширинкорӣ ва хушомадгӯйро намедонист (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Нуралӣ чакману телпакашро ба мех овехта, ба сандалӣ гузашта нишаст (С. Улуғзода, Навобод). Дигар ҳеҷ як одами советӣ анархияи истеҳсолот, даҳшати бекорӣ ва бенавоиро намедонад (журн. «Шарқи Сурх»). Ба болои ин иҷораи дӯкон, налог, ҳаққи оқсаққоли бозорро аз вай меситонданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Пуркунандаҳои бевоситаи чида метавонанд бо як ва ё ҳар яке бо пасоянди -ро алоҳида сурат ёфта, бо ёрии пайвандакҳо ва ё бе ёрии онҳо ба якдигар алоқаманд шаванд:

Ӯ ва ҳамроҳонашро бо соли нав муборакбод намуданд (С. Улуғзода, Навобод). Вай баҳорро, офтобро дӯст медошт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Гоҳо пуркунандаҳои бевоситаи суратёфтаи чида бо ҳиссачаи ҳам алоҳида таъкид карда мешаванд:

Хуб, шумо чаро ҳам худатонро, ҳам Қорӣ-ишкамбаро, ҳам

пешина
аз 312
навбатӣ