Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
маро ташвиш дода, пури ӯро шабона бурда медиҳед... (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
ИФОДАЁБИИ ПУРКУНАНДАИ БЕВОСИТАИ
СУРАТНАЁФТА
Бо исм ифода ёфтани пуркунандаи бевоситаи суратнаёфтаро дар боло дида будем. Пуркунандаҳои бевоситаи суратнаёфта ба воситаи ибораҳои изофӣ низ ифода мегарданд: ... нолахон фалакпеч баровардан гирифт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Баротов ба ҷанговарон ҳунари мерганӣ ёд медод (С. Улуғзода, Навобод). Колхоз барои аъзоёнаш хонаҳои нав андохт (С. Улуғзода, Навобод). Марҳамат кунед, як пиёла чой хӯред (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта бо ибораҳои омехта, ки дар таркиби худ ду хели муайянкунанда, ҳам изофӣ ва ҳам беизофӣ доранд, низ ифода мешаванд: Колхоз якчанд аспҳои нағзи зотии дастпарвар дорад («Тоҷикистони советӣ»). Каримабону... ба дугонааш як пиёла чой гарм дароз кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Мо имсол дар ноҳияи худ чор стансияи электрикии колхозӣ месозем (С. Улуғзода, Навобод).
Пуркунандаҳои бевоситаи суратнаёфта ба таври чида низ меоянд: Хизматгорашро сег зада, ба вай дастархон ва чой фармуд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Модари ӯ — Саодатбибӣ... сабзӣ ва шалғам наҳӯтӣ мекард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Онҳо ба аспҳо коҳу беда тайёр мекарданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Як қисми онро фурӯхта, барзагову асп хариданд (С. Улуғзода, Навобод). Нависанда ва шоиронамон романҳо, повестьҳо, пьесаҳо, достон ва шеърҳо навишта истодаанд («Шарқи Сурх»).
Пуркунандаи бевоситаи суратнаёфтаи чида бо ибораҳои изофӣ ва омехта низ ифода меёбанд. Вай ...ҷомаи нави беқасаб ва мӯзаи хиром пӯшида буд (С. Улуғзода, Навобод). Вай ҳар сол ба давлат аз маҳсули худи совхоз садҳо тонна пахтаи тоза ва даҳҳо тонна чигити тухмӣ медиҳад (А. Деҳотӣ).
ҶОИ ПУРКУНАНДАИ БЕВОСИТА ДАР ҶУМЛА
Ҷои пуркунандаи бевосита ба алоқаи маъноии он бо хабари феълии ҷумла, ба мафҳуми муайян ва ё умумиро ифода кардани предмети пуркунандашаванда вобаста аст.
- Пуркунандаи бевоситаи суратёфта дар ҷумла ҷои устувор надорад. Вай дар аввал, мобайн ва гоҳо дар шафати хабари ҷумла меояд.
а) Агар ҷумлаи соддаи тафсилӣ аз аъзоҳои пайрав танҳо як пуркунандаи бевоситаи суратёфта дошта бошад, пуркунандаи бевосита дар байни сараъзоҳо омада, задаи мантиқӣ мегирад:
120

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё