Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Вай дарро кӯфт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ман хатро гирифта хондам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Халқҳо амниятро мехоҳанд («Шарқи сурх»). Насими баҳор байрақро ҷилва медод (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ман он ҷомаро овардам (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Сартарош сари Қорӣ-Ишкамбаро тарошида шуд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
б) Пуркунандаи бевоситаи суратёфта дар ҷумла пеш аз пуркунандаи бавосита меояд: Шодӣ ҷомаашро аз барф тоза карда, дарун даромад (Ч. Икромӣ, Шодӣ). Шамоли сахт барфрезаҳоро ба рӯю чашми ӯ оварда мезад (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Рафиқ Воронин моро бо кори завод ошно кард... (А. Деҳотӣ). Мо ошро бе турб намехӯрем (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Шумо ӯро ба ман шиносонед (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
в) Пуркунандаи бевоситаи суратёфта дар ҷумла баъд аз пуркунандаи бавосита меояд: Мария бо дасти оҳанин моторро чарх занонд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). ... ва аз хизматгор Арбобро пурсидам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Бо як дастам узангуро маҳкам доштам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). ... дар бобати ин масъала фикри онҳоро фаҳмад (С. Улуғзода, Навобод).
г) Пуркунандаи бевоситаи суратёфта дар ҷумла баъд аз ҳолҳои гуногун меояд: Мо дар пеши чароғ ӯро дидем (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Бояд акнун ҳикматашро фаҳмида бошед... (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Шодигул хандону шукуфон дарро кушод (С. Улуғзода, Навобод).
д) Пуркунандаи бевоситаи суратёфта дар ҷумла пеш аз ҳолҳои гуногун меояд: Генерал конвертро ба столи хатнависӣ гузошт (Ф. Ниёзӣ, Вафо). ... ман чақ-чақҳои ӯро завқ карда мешунидам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ғанӣ карнайчаро ба кӯча бурд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
е) Дар ҷумлаҳое, ки мубтадаяшон зикр нашудааст, баъзан пуркунандаи бевоситаи суратёфта дар аввали ҷумла омада, задаи мантиқӣ мегирад: Дигарашро пешин ба бемор менӯшонӣ (С. Айнӣ, Одина). Гулрӯро аз ҳафтсолагӣ ба мактаб доданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Бақияи чои пиёларо аз болои нон шитобкорона нӯшид (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ин китобчаро чанд пул харидед (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
ж) Баъзан дар ҷумла пуркунандаи бевоситаи суратёфта пеш аз мубтадо меояд. Ин ба задаи мантиқӣ қабул кардани мубтадо вобаста аст: Сабабашро ман намедонам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Забони мурғонро мурғон медонанду (Зарбулмасал). Салимбойро насими пагоҳии дашт аз хоб бедор кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Гунҷишкро кӣ кушад?— Қассоб (Зарбулмасал). Сафар ва ҳамроҳони ӯро мардум миёнгир карда, аз клуб бароварданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Гӯшту сабзӣ ва пиёзро худаш харида медод (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
з) Баъзан пуркунандаи суратёфта дар охири ҷумла меояд: Ба вай кӣ мондааст даҳанкалониро (С. Айнӣ, Аҳмади Девбанд).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё