Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
и) Пуркунандаи бевоситаи суратёфта дар назм баъзан дар байни хабари таркибӣ феълӣ меояд.
Қабул он ҳадьяро чун ёдгори пурбаҳо кардам,
Чу ёди дӯстони қаҳрамон дар сина ҷо кардам.
(М. Турсунзода)
II. Пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта дар ҷумла ҷои муайян дошта, ҳамеша дар паҳлуи хабари феълии ҷумла омада, бо он бо як оҳанг талаффуз меёбад: Котиб чой овард... (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Зан дастархон андохта, нонҳои гарм ниҳод (С. Улуғзода, Навобод). Гулрӯ... ҷуворӣ мекуфт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Вай аз таҳти дил ба ӯ кор меомӯхт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дар боғи маданият ва истироҳати районӣ... чойхона ва ошхона сохта буданд (С. Улуғзода, Навобод). Аксар дар охири мақол ва зарбулмасалҳо хабари феълии якхела такрор намешавад ва аз ҳамин сабаб пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта дар охири ҷумла омада мемонад: Мо обро дида, мӯза мекашем, ҳаворо дида, гӯза (Зарбулмасал). Гул хор дорад, асал ору (Зарбулмасал). Девор муш дорад, муш гӯш (Зарбулмасал). Беномус ор надорад, дурӯғгӯй қавл (Зарбулмасал).
ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТА
ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТА ВА РОҲҲОИ ИФОДАИ ОН
Пуркунандаи бавосита предметеро ифода мекунад, ки таъсиру ҳаракати хабари ҷумла ба воситаҳои гуногун ба он мегузарад. Фарқи пуркунандаи бавосита аз бевосита он аст, ки пуркунандаи бавосита ҳамеша бо пешоянд таркиб меёбад. Бинобар ин пешояндҳо (инчунин пасоянд)-ро воситаи грамматикии пуркунандаи бавосита меноманд.
Шодӣ бо Рашидов маслиҳат карда, масъаларо ба овоз монданӣ шуд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Баъд аз он ман чандин вақт ба аэроплан дилбохта шуда гаштам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Мо ҳам ба бачагони калонсолтар тақлид карда гӯштин мегирифтем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба ман сурудхонии маддоҳбачагон хеле хуш омада буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар бораи ту мо як қарор қабул кардем (С. Улуғзода, Навобод). Вай дар бораи ақибмондагии Муҳаббат, дар бораи камбудиҳои ӯ гапе намезад (Ҷ. Икромӣ, Муҳаббат).
Пуркунандаи бавосита бо исмҳо, ҷонишинҳои шахсӣ, масдар ва ҳиссаҳои дигари исмгардидаи нутқ дар якҷоягӣ бо пешояндҳо ё пасоянд ифода меёбад. Дар ин бобат нисбат ба пасоянд роль ва мавқеи пешояндҳо ниҳоят калон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё