Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
- Ба вазифаи пуркунандаи бавосита ҳама гуна исмҳо (хос, ҷинс, конкрет, абстракт ва ғайра) омада метавонанд:
а) Исмҳои хос ва ҷинс: Макаров бо Шодӣ дар бораи чизе бо овози паст ба гап задан сар кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ҳошим-Карвон аввалин бор бо Нуралӣ ҳамфикр нашуд (С. Улуғзода, Навобод). Ту бо Ҳоҷиумар дар бораи духтараш чӣ қавлу қарор карда будӣ? (С. Улуғзода, Навобод). Макаров бо ҳамроҳии Шодӣ хеста берун баромад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ду нафар чӯбдори саллакабуд бо чӯбдастҳои дарозашон дарвозаро сахт-сахт мезаданд (С. Улуғзода, Ибни Сино). Ман бо одами худ рафта, аз он гузар мегузарам (С. Айнӣ, Ғуломон). Аз модарам пурсидам, ки рухсат диҳад, то ки ман обе нӯшида ва ноне хӯрда осуда шавам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Гапҳои Пӯлод ба падару амакаш маъқул шуданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ёдгори ҳаштсола ҳам ба корҳои резу рави хона дастиёрӣ мекард, ба асп ва ба молҳои сиёҳ нигоҳубин менамуд (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳанӯз фикри ман ба шоҳидҳо ва маънии хати Арбобҳотам банд буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
б) Исмҳои конкрет ва абстракт: Худат хӯрдан гир, ман шикамамро аз лӯбиёшӯрак сер мекунам (С. Айнӣ, Ғуломон). Эргаш бо нӯги дос, чунон ки дар деворҳои чоҳ кананд, ба ҷои зинапоя чуқурчаҳо канд (С. Айнӣ, Ғуломон). Агар он китоб мебуд, ман суратҳояро ба рафиқонаш нишон медодам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз борон ва ҳавои номусоид истифода бурда, Соро корҳои тайёрӣ ба иди Якуми Майро дар клуб авҷ медод (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Бибиоиша вақте Арбобро дид, оби чашмони худро бо остинаш пок карда, аз нолаву зорӣ хомӯш гардид (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Зайнаб дар ошпазӣ ҳунарманд буд (С. Улуғзода, Ёрони боҳиммат). Мақсади ҳукумати коргару деҳқонии мо ин аст, ки халқи меҳнаткаш зудтар аз торикиву нодонӣ халос шавад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Бачагиҳои вай ба бачагиҳои Дилбар монанд нест (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Шумо беҳуда дар хасисӣ худатонро якто шумурда гаштаед (Латифаҳои тоҷикӣ). Пӯлод ба ин таклифи Гулрӯ розӣ шуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
II. Ифодаи пуркунандаи бавосита бо сифат. Сифат дар нутқ ҳам бевосита ва ҳам ба воситаи қабул кардани суффиксҳои ҷамъбандӣ маъфуми предмети пайдо карда, дар якҷоягӣ бо пешояндҳо пуркунандаи бавоситаро ташкил медиҳад: Ба бемор дар ин вақт аз ин беҳтар даво ҳам нест ва аз ин хубтар хӯрок ҳам нест (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Бобо дар кӯча ба хурду калон салом дода, ба саломи онҳо алек гирифта, тез-тез қадам мегузошт (Р. Ҷалил, Умри дубора). «Бо некон нек бошу бо бадон бад» гуфтаанд азизон, ки ин гапи маъқул ва дуруст (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Барои пирон ва барҷомондагон дар сарҳад хобгоҳ кушода, онҳоро дар он ҷо хӯронда пӯшонданд (С. Айнӣ, Ятим). Дар ин зиёфат аз омаду рафткунандагони пештараи ин ҳавлӣ танҳо Қорӣ-Ишкамба, Мирзоҳӯҷаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё