Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ноиб ва одамони ӯ буда, аз калонтарони деҳа ягон кас ҳам иштирок надошт (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
III. Пуркунандаи бавосита бо шумора низ ифода мегардад. Дар вазифаи пуркунандаи бавосита шумора бе нумеративу исм ва инчунин бо нумеративу бе исм омада метавонад: Нигоҳ кардам, ки аз нӯҳ понздаҳ дақиқа гузаштааст (Ҷ. Икромӣ, Муҳаббат). Бо ҳамаи инҳо планамон аз ҳафтод нагузашт (С. Айнӣ, Ғуломон). Солам ба бисту панҷ расид, аммо аз хонадорӣ дарак нашуд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ӯ ба чил наздик расида бошад, ин ҳам ба панҷоҳ наздик расидааст (С. Айнӣ, Ғуломон). Меҳмононе, ки дар ин зиёфатҳо бо ризои бой хабар карда мешуданд, аз панҷ ё шаш нафар зиёд набуданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
IV. Пуркунандаи бавосита бо ҷонишин ва хелҳои он ифода мегардад: Магар ту дар хонаатон набудӣ ва аз ҷои дигар меоӣ, ки нишони Одинаро аз ман мепурсӣ (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Зеро босмачиён аз онҳо ҳам мол мебурданду ҳам ҷон (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Пас аз он ба ту хонда медиҳам, шояд чизҳои ба ту даркорӣ ва ба ту манфиатдор ҳам дошта бошад,— гуфт Шокир (С. Айнӣ, Ғуломон). Агар ту дар бораи онҳо чизе шунида бошӣ, бигӯ (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ӯқобон дар фазои кӯҳсорон — Барои худ ҷаҳон доранду мо не (М. Турсунзода). Соати ман аз Берлин бо пули худам аз барои худам харида шудааст (С. Айнӣ, Ғуломон). Онҳо дар байни худашон ва бо тракторчиён гуфтугӯ мекарданд (С. Улуғзода, Навобод). Ин гапҳоро баъд дар байни худамон гап мезанем, мефаҳмем, ки ба кӣ бад менамояд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Мансурбой ва Қудрат ба ҳамдигар нигоҳ карданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ин гуфтаҳои Юнусбобо ҳам ба ҳама аз таҳти дил мақбул шуд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Онҳо бо ҳам дар ватани Амон— дар Шоён гӯштин гирифтаанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
V. Пуркунандаи бавосита бо масдар ва ибораи масдарӣ ифода меёбад: Вай аллакай тӯшаи роҳ ва дигар лавозимоти сафарро дар хурҷин андохта, ба рафтан тайёр шуда буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ин бодҳои регомез чашми онҳоро ҳам ба кушода шуданд роҳ намедоданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Аммо баъд аз дидани устухонҳо ва иқроркунандагони ин кор ба бовар кардан маҷбур шудем (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Касе, ки ба кӯҳҳои баланди душворроҳ баромадааст, медонад, ки аз баромадан дида фаромадан хатарнок аст (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Оре, Бибиоиша имрӯз фарзанди худро гум кардааст, боз як ранг гум кардан, ки ба ин наздикиҳо ба ёфт шуданаш умед надорад (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).
Лекин ба қад рост карда аз ҷо хестан фурсат намеёфт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин ҳол, яъне духтарро аз рафтан ба мактаби олӣ манъ кардани падару модар кам воқеъ намешуд (С. Улуғзода, Навобод). Раҳмат гӯй аз даромадани Мурод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё