Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ба хона пай набурд монд, ки ба тарафи ӯ нигоҳ накард (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
VI. Ифодаи пуркунандаи бавосита бо сифати феълӣ ва ибораи он: Шаҳр аз оянда ва раванда пур буд (С. Айнӣ, Дохунда).
Зебӣ дар хонааш аз хӯрдани чизе надошт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Вай дар ҳайрат буд, ба шунида бовар намекард (С. Улуғзода, Ёрони боҳиммат).
Боровиков монанди ҳамеша ба гуфтаҳои Нуралӣ ва Ҳошим Корвон гӯш андохт (С. Улуғзода, Навобод). Агар аз гурезагони Бухоро гап яла шавад, мегуфтанд: он ёғиёни муртад мурданд, хок шуданд, рафтанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Соро аз ҷояш хеста, ба ояндаи аз дар баромада истодагӣ рӯ ба рӯ шуда, ки зани калони бой будааст (С. Айнӣ, Ятим). Вазифаи мо, раҳнишинон, барои дар роҳ рафтагон ва сармогирандагон хизмат кардан аст (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Сагони деҳа ба оянда ва равандагон кӣ ки бошад, ҳуҷум кардан мегиранд (С. Айнӣ, Ғуломон).
VII. Зарф ҳам дар ҷумла бо қабул кардани суффиксҳои ҷамъбандӣ маънои предметӣ пайдо карда, ба вазифаи пуркунандаи бавосита меояд: Баъд Одил Саркор ба ҳозирон муроҷиат карда пурсид (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Дар бораи инҷоиҳо гап задем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ман Муҳаммадсиддиқи Ҳайратро бо инҷоиҳо шиносо карда алоқа бандондам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Суханони вазнин, бурро ва соддаи ӯ ба ҳозирон фаҳмо мерасид (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Аз ҷумлаи ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ зарф дар вазифаи пуркунандаи бавосита камтар истеъмол мешавад. Ин масъала ба он вобаста аст, ки зарф аз ҷиҳати маъно ва вазифаи худ функцияи ҳолшарҳкунандагӣ дорад. Пуркунандаҳо бошанд, объектро ифода менамоянд. Аз ин рӯ, ба вазифаи пуркунандаи бавосита истеъмол ёфтани зарфҳо дар забони тоҷикӣ ҳодисаи нисбатан маҳдуди грамматикӣ шуморида мешавад.
ХЕЛҲОИ ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТА
АЗ РӮИ ТОБИШИ МАЪНО
Пуркунандаи бавосита мувофиқи маънои вазифа ва воситаҳои ифодааш гуногун мешавад:
- ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТАЕ, КИ БО ПЕШОЯНДИ «АЗ» МЕОЯД, ТОБИШҲОИ МАЪНОИИ ЗЕРИНРО ДОРАД:
а) Сарчашмаи амал ё фикрро ифода менамояд: Мо дар чойхона аз одамҳо фаҳмидем, ки дар он деҳа шуъбаи махсус меистодааст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Як
мактуб аз модар, дигараш аз Зебӣ, мактуби сеюм, ки Сафар
дер боз мунтазири он буд, аз лейтенант Озмухин буд (Ф. Ниёзй,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё