Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Вафо). Боре рафта аз яке онҳо пурсидам, ки чаро бекор истодааст (Толис, Ҳикояҳо).
Кард пурсиш зи яке, к-ин чӣ фиғон асту хурӯш
Ӯ чунин посух дод,
Бо тааҷҷуб: хабарат нест, ки мурдаст Ленин?
(А. Лоҳутӣ)
Ҳарчанд ӯ чизе надошта бошад ҳам, аз сӯхтани пулаш натарсида қарз додан мегирифт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар ҳақиқат, Қорӣ-Ишкамба аз созише, ки бо Арбобрӯзӣ кард, шод буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
б) Муносибати муқоисавиро нишон медиҳад.
Дар ин гурӯҳи пуркунандаҳо шахсҳо, предметҳо ва ҳодисаҳо ба ҳамдигар муқоиса карда шуда бартарӣ ё афзалияти яке аз онҳо қайд карда мешавад: Азбаски обрӯи хӯҷаини он Мирзо ба пеши Ҳукумати амир аз обрӯи Қорӣ-Ишкамба зиёдтар буд, илтимоси ӯро рад карданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ҳосил аз ҳосилоте, ки то он вақт аз он гуна киштҳо мегирифтанд, зиёд баромад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз ҳикояти шумо ҳам хармурди шумо тамошои хуб дорад гӯён боз ҷавонон ӯро мезаданд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).
Чашм аз абрӯ базеб, абрӯ зи чашмон дилфиреб,
Он як аз ин дилработар, ин як аз он хубтар.
(М. Аминзода)
Дар ин пуркунандаҳо баъзан ба ҷои пешоянди аз пешояндҳои таркибӣ-номии нисбат ба ва назар ба низ кор фармуда мешаванд, ки аз ҷиҳати мазмуни ифода мекардагиашон ба пешоянди «аз» мувофиқ буда, муносибати муқоисавиро ифода мекунанд: Меҳмонхона назар ба тарзи зиндагонии деҳот хеле хуб ороста буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Мактаби нав бартарии худро нисбат ба мактаби кӯҳна исбот кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ин саг нест, ин одам! — гуфт Неққадам. — Ин назар ба писари Абдураҳимбой зиёдтар ба одамгарӣ соҳиб аст (С. Айнӣ, Ғуломон). Онҳо дар вақти тақсим кардани чалпаку нон ба мани ҳаштсола раҳмашон омада, назар ба калонсолон ҳиссаи маро калонтар мекарданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз ҳаҷми умумии маблағгузории хоҷагии халқ барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ бештар аз 600 миллиард сӯм, ё ки нисбат ба плани панҷсолаи панҷум 70 процент зиёд пул дода мешавад (газ. «Тоҷикистони советӣ»).
в) Аз бутун ҷудо шудани қисмеро ифода мекунад: Аз шумоён ҳар кас бачаеро, ки хоҳад, ба пахта бароварда
имтиҳон кунад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз дастаи Рӯзимурод танҳо ду нафар сабук маҷрӯҳ шуда буд (С. Айнӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё