Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ятим). Аз ҳамроҳони Сафар боз якчанд кас савори асп буданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Дар ҳақиқат ин оши палав ҳамон ош будааст, ки хоҷагон аз вай нимдонагӣ хӯрданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз ҳашт аспи корӣ фақат ду ҷуфт модиён ва аспҳои пири хароб боқӣ монданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Аз пули гӯсфандон панҷ танга (75 тин) зиёдатӣ кард, ки вайро барои эҳтиёт дар миёни худ маҳкам бастам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

г) Объекти муҳокима ва фикрро ифода мекунад: Мирзоҳамдам дар пеши додараш нишаста гирифта, аз кору бори рӯзгор сӯҳбат мекард (С. Улуғзода, Навобод).

Ба пеши раҳбари худ аз зану мард,
Зи ҳар мавзӯъ ҳар кас сӯҳбате кард.
(А. Лоҳутӣ)

Вай аз кору бори тракторчиён воқеаро гарму ҷӯшон ҳикоя мекард (С. Улуғзода, Навобод). Акнун мо ҳам мехоҳем, ки хола аз саёҳати худ гуфта диҳад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ӯ аз корҳояш мехост муфассал ҳисобот диҳад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Рӯзе Пӯлод аз бедаромадии касбу кораш ба Ҷӯра шикоят кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Асосан пуркунандаҳои ифодакунандаи объекти муҳокима дар забони тоҷикӣ ба воситаи пешоянди изофии таркибии дар бораи ифода мешаванд. Пешоянди аз танҳо бо ҳамин як функсияи худаш синоними пешоянди дар бораи шуда, дар ташкил додани ин типи пуркунандаҳо роль мебозад. Аммо пешоянди дар бораи асосан як функция дорад, ки он ифодаи муносибати объектӣ мебошад.

Баъд Муҳаммадҷон-ака хеста, дар бораи ҳосили баланд гап зад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Серёжа аввал дар бораи ҳар сурат донишҳои худро ба ман гуфта тамом мекарду баъд варақи дигари китобро мехонд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳисобот на фақат дар бораи пахта, балки дар бораи ҳамаи чизҳои дидагӣ ва шунидагиатон дода мешавад (С. Улуғзода, Навобод). Баъзан дар бораи ким-кадом касоне, ки падарамро ба кор гирифтан нахостанд, гап мезад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Пешояндҳои дар хусуси, дар бобати бо пешоянди дар бораи аз ҷиҳати вазифа наздиканд. Онҳо бе ҳеҷ гуна тафовути маъной ба ҷои пешоянди дар бораи кор фармуда мешаванд:
«Ту минбаъд ба пеши Султонпошшо нарав ва ба ҳикояҳои ӯ гӯш наандоз ва агар дар хусуси деву парӣ гап занад, гапи ӯро бовар накун (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аъзоёни колхоз ҳам дар бобати орду ғалла душворӣ мекашиданд (С. Улуғзода, Навобод).
Дар хусуси молҳои корӣ ва замин ҳам чораҳо андешида шудагӣ (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Падарам дар хусуси онҳо ба саволҳои ман пурра ва фаҳмонда ҷавоб медод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

пешина
аз 312
навбатӣ