Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Пешояндҳои дигаре, ки барои сохтани пуркунандаҳои объекти муҳокима ва фикр хизмат мекунанд, инҳоанд: оид ба, доир ба, ба болои, бар болои, аз болои, дар ҳаққи, бахшида ба, дар роҳи, дар кори, аз ваҷҳи, дар атрофи, аз рӯи, дар шаъни, ба шаъни, дар васфи, ба васфи, аз ҷиҳати, ба муносибати, ба тарафи ва дигарҳо.
Пӯлод ба ӯ оид ба материалҳои съезди XIV партия чандин савол дода, аз ӯ ҷавобҳои саҳеҳ, мухтасар гирифт ва беандоза шод шуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Бори дигар амакам доир ба ҳукумати нав овозаҳо дар деҳа паҳншударо нақл кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Гулсум, ки ба болои худаш рафта истодани суханро шунид, ба ҷое, ки омада буд, нишаст (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар ҳаққи писари вай ин суханҳо тӯҳмат буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Муҳимтарин вазифаи Иттифоқи Нависандагони Советии Тоҷикистон дар кори тайёрӣ ба юбилеи Рӯдакӣ иборат аз он аст, ки бахшида ба ин шоири бузург асарҳои бадеии хушсифат ба вуҷуд оварад (газ. «Тоҷикистони Советӣ»). Ҳамаи тадбирҳои агротехника дар кори парвариш карда расондани ҳосили фаровони пахта роль ва аҳамияти худро доранд (газ. «Тоҷикистони Советӣ»).
Бояд қайд кард, ки ин пешояндҳо дар ҷумла на ҳама вақт пуркунанда месозанд. Як гурӯҳ аз онҳо монанди дар хусуси, дар бобати, доир ба, оид ба, дар ҳаққи ва дигарҳо дар ташкил намудани пуркунанда устувор бошанд ҳам, гурӯҳи дигарашон мисли дар болои, дар соҳаи, ба муносибати, аз рӯи ва монанди инҳо аз функцияи пуркунандагӣ дида, ба функцияи ҳолшаҳкунандагӣ зиёдтар далолат мекунанд.
д) Аз материале сохта шудани предметро ифода мекунад: Дуртар аз онҳо тӯдаи писарону духтарон аз коғаз самолёт сохта буду онро аз болои суфа истода, ба ҳаво мепаронд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Иморатҳои зебо андар он ҷо
Бино гардидаанд аз хишти тилло.
(М. Миршакар)
Зи қасди душмани худ наметарсад, чаро тарсад,
Ватан аз санг бозу дорад, аз пӯлод тан дорад.
(Ҳ. Юсуфӣ)
Сахтии зарбаро аз ҳамин қиёс кардан мумкин аст, ки дудкаши аз хишти пухта бо гаҷ сохташуда бо зарбаи ба худаш бархӯрдаи бадани ӯ аз миёнаш шикаста парида рафтааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Мо аз ҷӯи он тарафи кӯча лой гирифта оварда, аз гил ба кӯзасозӣ сар кардем (С. Улуғзода, «Субҳи ҷавонии мо»).
е) Вазъияту ҳолати предмети дигарро мефаҳмонад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё